Супоридани шиносномаҳо ба хонандагони литсейи н. Рӯдакӣ

 

10-уми апрели соли 2026 вохӯрии кормандони хадамоти шиносномавию бақайдгирии Шуъбаи №1 ВКД дар ноҳияи Рӯдакӣ бо хонандагони Литсейи ноҳияи мазкур баргузор гардид.

Чорабинӣ на танҳо хусусияти маърифатӣ дошт, балки барои даҳҳо наврасон лаҳзаи фаромӯшнашаванда гардида, дар ин рўз ба хонандагоне, ки ба синни 16 расидаанд, дар вазъияти тантанавӣ шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуданд.

Кормандони милитсия зимни сўҳбат зикр карданд, ки гирифтани шиноснома танҳо соҳиб шудан ба як ҳуҷҷат нест, балки қадами аввалин ба ҷаҳони калонсолӣ ва эҳсоси масъулияти бештар дар назди Ватан аст.

​Мақсад аз асосии вохӯрӣ ин тарбияи ватандӯстӣ, бедор намудани ҳисси ифтихори миллӣ дар замири наврасон, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ, гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пешгирии амалҳои номатлуб миёни ноболиғон мебошад.

Ҳамзамон, ​ба хонандагон бо ҳуқуқ ва уҳдадориҳои шаҳрвандии хеш  маълумот дода шуд.

​”Имрӯз шумо соҳиби ҳуҷҷати асосии тасдиқкунандаи шахсият шудед. Умедворем, ки ҳамчун шаҳрвандони содиқи Тоҷикистон дар рушди кишвари азизамон саҳм мегузоред!” — иброз доштанд намояндагони хадамоти шиносномавию бақайдгирии ШВКД.

​Хонандагон ва омӯзгорони Литсей аз ин иқдоми наҷиби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ изҳори миннатдорӣ намуда, зикр карданд, ки чунин вохӯриҳо барои боло бурдани сатҳи худшиносии наврасон хеле муҳим мебошанд.