Муқовимат ба коррупсия кўшишҳои якҷояро металабад

 

10-уми апрели соли 2026 намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, нозири калони раёсати муқовимат бо коррупсия капитани адлия Абдуллозода Одил Толиб ва нозири ҳамин раёсат капитани адлия Ҳусейнзода Файзиддин дар дарси хизматӣ бо ҳайати шахсии дастгоҳи марказии Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ дар мавзӯи “Омилҳои пайдоиш ва инкишофи ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта” иштирок ва баромад намуданд.

Капитани адлия Абдуллозода Одил Толиб вобаста ба қонунгузории амалкунандаи зиддикоррупсионии кишвар ва барномаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи назорати давлатии молиявӣ”, “Дар бораи муқовимат ба коррупсия”, “Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ”, Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз тарафи Тоҷикистон эътирофшуда маълумоти муфассал дода, дар идома масъалаи муқовимат ба коррупсия дар ҷомеа ва нақши мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар пешгирӣ, мубориза ва паст кардани шиддати ин зуҳуроти номатлуб мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Қайд карда шуд, ки мақсад аз баргузории чунин вохўрию чорабиниҳо ин пеш аз ҳама пешгирӣ намудани содиршавии ҳама гуна ҳуқуқвайронкуниҳо, таъмини иҷрои қонунҳо ва барномаҳои давлатии зиддиколрурсионӣ мебошад.

Намояндаи Агентӣ барои шарҳи бештари мафҳумҳои мавзўи ҷамъомад, аз таҷрибаи ҳамарўзаи фаъолияти корӣ мисолҳо оварда, оқибатҳои ногувори даст задан ба ин кирдори номатлубро баён намуд.

Дар фарҷоми дарси хизматӣ баромадкунанда ба саволҳои вобаста ба мавзӯи дарсӣ ҷавобҳои қонеъкунанда гардонд.

Х. Солиҳӣ