8-уми апрели соли 2026 дар Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ба нафақа баромадани чор нафар кормандони пуртаҷрибаи соҳа ҷамъомади ботантана доир гардид.

Дар ин рўз, муовини сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ полковники милитсия Раҷабзода Боймаҳмад Шариф, сарнозири шуъбаи нозиротӣ-таҳлилӣ ва ҳуқуқии хадамот подполковники милитсия Зиёбекзода Ҷамила Берди, нозири калон оид ба корҳои раводидӣ ва бақайдгирии Шуъбаи шиносномавию бақайдгирии аҳолӣ дар шаҳри Душанбе подолковники милитсия Саидзода Давлатмо Ганҷал ва корманд-мутахассиси шуъбаи зикргардида прапоришики калони милитсия Маҳсиддинзода Билолиддин Салоҳуддин, ки дар ин хадамот солҳои зиёд дар вазифаҳои гуногун софдилонаю содиқона хизмат намудаанд, дар асоси фармоиши Вазири корҳои дохилӣ барои расидан ба синни ниҳоии хизмат ба нафақа гусел карда шуданд.

Фармоиши Вазири корҳои дохилиро сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии вазорат генерал-майори милитсия Халилзода Ҳусейн Собир ба ҳайати шахсӣ шинос намуда, аз кору фаъолият, саҳми кормандони мазкур дар пешрафти Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ёдовар шуданд. Зикр гардид, ки минбаъд низ ин кормандони таҷрибадори соҳа метавонанд дар роҳнамоии кормандони ҷавони хадамот саҳмгузор бошанд. Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ҳама вақт омода аст, кормандони собиқадорро дар пешрафти фаъолияти худ ҷалб созад.

Ҳамчунин, аз номи Вазири корҳои дохилӣ ба ин нафақагирони соҳа дар фазои тантанавӣ туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Дар чорабинӣ сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ полковники милитсия Мирзозода Ҷомӣ Ҷамахон низ ба собиқ кормандони худ барои фаъолияти шоиста ва бенуқсон баҳри хизмат ба халқу Ватан изҳори миннатдорӣ кард.
Х. Солиҳӣ