Рўзи 26-уми марти соли 2026 нишасти маҷозӣ дар ҳошияи раванди Алмато оид ба муҳоҷират доир гардид, ки дар он аз ҷониби Тоҷикистон намояндагони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва Вазорати корҳои дохилӣ ширкат намуданд.
Аз Вазорати корҳои дохилӣ муовини сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирї полковники милитсия Раҷабзода Боймаҳмад Шариф иштирок ва баромад намуд.

Бояд қайд намуд, ки ҳадаф аз нишасти мазкур баррасии натиҷаҳои кори давлатҳои узв дар татбиқи уҳдадориҳои Паймони глобалӣ оид ба муҳоҷирати бехатар, муназзам ва мунтазам ва омодагӣ ба нишасти навбатии Паймон санаи 5-8 майи соли 2026 дар Қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид мебошад.

Дар нишасти мазкур, ки намояндагони давлатҳои узв Қазоқистон, Озарбойҷон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркия ва давлатҳои нозир Италия, Покистон, Узбекистон иштирок доштанд, масъалаҳои баррасии пешрафт дар татбиқи Созишномаи глобалӣ оид ба муҳоҷират, аз ҷумла пешрафти умумӣ оид ба ҳадафҳои асосӣ, муайян кардани тамоюлҳои минтақавӣ ва намунаҳои таҷрибаҳои муваффақ, ки метавонанд дар Форуми байналмилалии баррасии муҳоҷират аз минтақа пешниҳод карда шаванд, муайян кардани амалҳои асосии зарурӣ барои пешбурди татбиқи Паймони глобалӣ оид ба муҳоҷират дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла соҳаҳои мушаххасе, ки дар он ҷо ҳамкории минбаъдаи минтақавӣ дар доираи раванди Алмаато заруранд, инчунин дастгирии минбаъда, ки давлатҳои узви раванди Алмаато ҳангоми омодагӣ ба Форуми байналмилалии соли 2026 талаб мекунанд, мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Нишасти мазкур таҳти раисӣ ва барандагии ҷониби Қазоқистон дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ гузашт.
Х. Солиҳӣ