
Ҷиҳати омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ тайи моҳҳои феврал-марти соли ҷорӣ ҳар ҳафта, рўзҳои шанбе бо ҷалби тамоми кормандон чорабиниҳои “шанбегӣ” ташкил ва баргузор карда шуда, дар тозагию озодагии ҳуҷраҳои корӣ, гирду атрофи биноҳои маъмурӣ, таъмиру тармими иншоотҳои зарурӣ саҳмгузорӣ карда шуд.

Дар ин давра, дар қитъаҳои замини вобастагардидаи хадамот беш аз 1000 адад гулҳои мавсимии навъҳои “Виола”, “Карамгул” шинонида шуда, гулу буттаҳои шинонидашуда таҳти нигоҳубин қарор доранд.

Корҳои ободонӣ мунтазам идома дода мешаванд.