Иштирок дар ҷаласаи маҷозии “Нелегал-2026”

 

26 марти соли 2026 ҷаласаи Ситоди байналмилалии Шурои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди муҳоҷирати ғайриқонунии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъона (СААД) дар шакли маҷозӣ (видеоконференсия) баргузор гардид, ки дар он нақшаи амалиёти минтақавии “Нелегал-2026” мавриди баррасӣ ва мувофиқасозӣ қарор гирифт.

Ҷаласаро муовини Котиби генералии СААД Семериков В.А. оѓоз бахшида, ҳайати иштирокчинёро шинос намуд.

Дар ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии мазкур намояндагони мақомоти дахлдори ҷумҳуриҳои Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Федератсияи Россия, котиботи СААД, Хадамоти ҳамоҳангсози Шурои фармондеҳони Қўшунҳои сарҳадӣ ва Маркази зиддитеррористии кишварҳо – иштирокчиёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ширкат варзиданд.

Иштирокчиёни ҷаласа оид ба вазъи кунунии минтақа ва ҷаҳон ва таъсири он ба вазъи муҳоҷиратии минтақаи масъулити СААД ибрози назар намуданд. Дар ин самт, ҳамгироии вазорату идораҳои марбутаи давлатҳо-аъзои СААД-ро баҳри пешгирии хавфҳои муҳоҷиратиро зарур шумориданд.

Сипас, лоиҳаи нақшаи гузаронидани амалиёти минтақавии «Нелегал – 2026» дар ду марҳила, дар доираи он масъалаҳои тартиби ҷойгиркунии роҳбарӣ ва идоракунии амалиёт, муайян намудани роҳҳои алоқа ва тартиби мубодилаи иттилоот баррасӣ гардида, тасмим гирифта шуд, ки минбаъд он барои тасдиқ ва корбарии минбаъда пешниҳод мешавад.

Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муовини сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ полковники милитсия Сафарзода Н.М., сардори шуъбаи назорати шаҳрвандони хориҷии Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ полковники милитсия Туразода Р.Б. ва дигар кормандони масъули хадамоти мазкур намояндагӣ карданд.

Х.Солиҳӣ