6-уми марти соли 2026, бо иштироки роҳбарият, ҳайати шахсӣ ва кормандзанони дастгоҳи марказии Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ иди «Рӯзи Модар» таҷлил карда шуд.

Чорабиниро сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ полковники милитсия Мирзозода Ҷомӣ Ҷамахон ифтитоҳ бахшида, тамоми кормандзанони хадамот ва собиқадоронро ба муносибати ҷашни «Рўзи Модар» табрик гуфта, ба онҳо тансиҳативу хонаободӣ, умри дарози бобаракат ва дар иҷрои вазифаҳои хизматиашон муваффақияту бурдбориҳо таманно намуд.

Зимни суханронии хеш номбурда ҳамзамон доир ба саҳми занону бонувон дар рушду пешрафти Ватани азизамон ёдовар шуда, аз ҷумла саҳми ин қишри ҷомеаро дар таъмини солимии аҳолӣ назаррас арзёбӣ кард. Имрўзҳо корманд-занони Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ низ дар баробари дигар кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва ҳифзи ҳуқуқ ҷиҳати иҷрои вазифаҳои дар наздашон гузошташуда хизмати софдилона намуда, дар пешрафти коргоҳ саҳми босазо мегузоранд. Чандин нафар корманд-занон дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият мекунанд.

Қайд карда шуд, ки дар сатҳи давлатӣ ҷашн гирифтани Рӯзи Модар низ натиҷаи таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои Пешвои миллат нисбати зан – модари тоҷик мебошад. Шукӯҳу шаҳомат ва бо камоли қадршиносӣ таҷлил намудани ин ҷашн нишонаи эътибору эҳтироми хосаи давлату Ҳукумати мамлакат нисбат ба модарону бонувони азиз мебошад.

Дар идомаи чорабинии тантанавӣ муовининои сардор ва дигар кормандони хадамот занону бонувонро табрик гуфта, дар васфи зан-Модар суханони бузургонамонро ёдовар шуда, таманниёти неки худро расониданд.


Дар чорабинии тантанавӣ барои натиҷаҳои назаррас, хизматҳои содиқонаю софдилона бахшида ба ҷашни «Рўзи модар» чандин нафар корманд-занони хадамот аз номи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ бо медалу нишонҳои сарисинагӣ ва раҳматнома мукофотонида шуда, ҳамзамон тамоми кормандзанон бо туҳфаҳои хотиравӣ ва маблағи пулӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Х.Солиҳӣ