Бо мақсади сари вақт таъмин намудани хонандагони синфҳои болоӣ бо шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкили корҳои фаҳмонидадиҳӣ дар байни наврасону ҷавонон оид ба пешгирӣ аз қоидавайронкуниҳо, риояи меъёрҳои қонунгузорӣ ва ҷалб сохтан ба илму донишомўзӣ аз ҷониби Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ дар якҷоягӣ бо кормандони хадамоти шиносномавию бақайдгирии ШВКД дар шаҳри Ваҳдат дар якчанд муасисаҳои таълимии шаҳри Ваҳдат чорабиниҳои ботантанаи шиносномасупорӣ ташкил ва баргузор карда шуданд.

Дар ин радиф, рўзи 4-уми марти соли 2026 чунин як чорабинии ботантанаи шиносномасупорӣ ба хонандагони МТМУ №71-и шаҳри Ваҳдат баргузор карда шуда, зимни ҷамъомад ба беш аз 20 хонандагони ба синни шиносномагирӣ расида ҳуҷҷати асосии тасдиқкукнандаи шахсият тақдим карда шуд.
Дар чорабинии мазкур муовини сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ полковники милитсия Раҷабмоҳ Раҳмонализода баромад намуда, оид ба мафҳуми шиноснома, таърихи пайдоиши он, аҳамияти ин ҳуҷҷат дар кору зиндагии шахс шарҳ дод.

Қайд карда шуд, ки чорабиниҳои ба таври тантантавӣ супоридани шиноснома ба хонандагон ба ҳукми анъана даромада, он дар асоси нақшаи чорабиниҳои воҳидҳои Хадамотҳои шиносномавию бақайдгирӣ дар вилоят, минтақа ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо раёсату шуъбаҳои маориф марҳила ба марҳила ва дастҷамъона гузаронида мешавад.
Номбурда аз хонандагон даъват ба амал овард, ки дар фикри интихоби касби муносиб бошанд, барои мутахассис шудан кўшиш намоянд. Мумкин оянда аз байни шумо сиёсатмадорони оянда, иқтисодчиён, олимону нависандагон, табибони номдор, муҳандисону агроном ва дигар касбу кори гуногун бароянд.

Ҳар лаҳза вақти доштаашонро ѓанимат шумурда, самаранок истифода баранд, мавқеи сазовору шоёни худро дар ҷомеа пайдо намоянд.

Ҳамзамон, аз хавфу хатарҳои замони муосир ба монанди нашъмандӣ, шомилшавӣ ба гурўҳҳои террористию экстремистӣ, хурофотпарастию бегонапарастӣ, бемориҳои вирусӣ эҳтиёт бошанд, ба доми шахсони ҷиноятпеша наафтанд ва худ низ даст ба қоидашиканӣ назананд.

Доир ба шиноснома, инчунин зикр шуд, ки шиноснома ҳуҷҷати давлатӣ ҳисоб ёфта, ҳамчунин тааллуқ ба шаҳрвандиро низ нишон медиҳад, аз ин рў бояд бо ин ҳуҷҷати муҳим боэҳтиётона рафтор карда шавад.
Хонандагони муассисаи таҳсилотӣ аз ин иқдоми кормандони милитсия руҳбалад гардида, иброз доштанд, ки баҳри донишомўзӣ кўшиши худро ба харҷ дода, дар пешрафту ободии диёри хеш саҳмгузор хоҳанд буд.

Расми хотиравӣ ба чорабинӣ ҳусни анҷом пазируфт.
Х. Солиҳӣ, полковники милитсия