12 Апрель, 2026

Ҷоизаи дарвозабони беҳтарини Умаралӣ Раҳимов

 

Аз 15 январ то 14 феврали соли 2026 дар толори Маҷмааи варзишии Шурои ҷумҳуриявии “Динамо”-и Вазорати корҳои дохилӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба футболи хурд байни вазорату идора ва корхонаю сохторҳои ҷумҳурӣ барои дарёфти “Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ” аз рӯи се синну сол – кормандони ҷавон, ҳаваскорон ва собиқадорон таҳти шиори “Ҷавонон ва амнияти миллӣ” баргузор гардид.

Дар ин мусобиқа дар гурўҳи собиқадорон дастаи “Динамо”-и Вазорати корҳои дохилӣ ҷойи якум, дастаи “Вавилон” ҷойи дуюм ва дастаи “Фирдавс-40” ҷойи сеюмро ишғол намуд.

Ба ғолибон аз ҷониби роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ Ҷом, медалу ифтихорнома ва ҷоизаҳо тақдим карда шуданд.

Аз байни варзишгарони дастаи «Динамо»-и ВКД корманди Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ подполковники милитсия Умаралӣ Раҳимов низ барои саҳми бевосита гузоштанаш дар ғолибияти дастаи мазкур бо ҷоизаи беҳтарин дарвозабони мусобиқа сарфароз гардонида шуд.

Умаралӣ Раҳимовро бо ин дастовардаш роҳбарияти Хадамоти шиносномавию баӣайдгирӣ низ табрик намуданд.