Ҷиҳати амалисозии сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро баҳри ободу сабзгардонии кишвар, 21-уми феврал дар ҳудуди заминҳои ҷамоати деҳоти Чорбоғи ноҳияи Варзоб чорабинии «шанбегӣ» бо ниҳолшинонӣ баргузор гардид.

Дар ин маъракаи дастаҷамъона кормандони зиёди дастгоҳи марказии Вазорати корҳои дохилӣ ширкат доштанд.

Дар ин радиф, кормандони Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ низ фаъолона иштирок намуда, дар шинонидани беш аз 200 бех ниҳолҳои ҳамешасабзи арча ва дигар ниҳолҳои дарахтон, нарм кардани бехи дарахтҳои шинонидашуда саҳми худро гузоштанд.

Бояд зикр намуд, ки чунин иқдомҳои сабзгардонӣ дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ низ аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ баҳри ободии диёр ва сарсабзу хуррамгрдонии муҳити зист доир карда шуданд.

