12 Апрель, 2026

Курсҳои такмили ихтисос барои кормандони ХШБ

 

Бо мақсади баланд бардоштани савияи дониш, маҳорат ва малакаи касбии кормандони Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ва воҳидҳои поёнии он дар асоси дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро аз 16-ум то 27-уми феврали соли 2026 дар Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ курсҳои такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони хадамот ва воҳидҳои поёнии он доир гардида истодааст.

Барои дар сатҳи хуб гузаронидани курсҳои такмили ихтисоси мазкур кормандони ботаҷрибаи дастгоҳи марказии хадамот ва мутахассисони соҳавӣ ҷалб карда шуда, натиҷаи азхудкунии мавзуҳоро комиссияи созмондодашуда баҳогузорӣ менамояд.

Чуноне, сардори Хадамоти шиносомавию бақайдгирӣ полковники милитсия Мирзода Ҷомӣ Ҷамахон иброз дошт, ба кормандоне, ки мавзуҳои машғулиятҳои курси такмили ихтисосро бо муваффакият мегузаранд, аз номи Вазири корҳои дохилӣ сертификат дода мешавад.

Бояд зикр намуд, ки  ба ин монанд курсҳо бо ҷалби кормандони ботаҷриба дар заминаи раёсатҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон низ комиссияҳои сатҳи вилоятӣ таъсис дода шуда, курсҳои кўтоҳмуддати соҳавӣ дар ҷойҳо ташкил карда шуданд.

Х. Солиҳӣ