Турсунзода: дар фазои тантанавӣ супоридани шиноснома ба хонандагони синни 16

 

24.01.2026 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистону Россия ба номи Д. И. Менделееви шаҳри Турсунзода чорабинии тантанавӣ бахшида ба бори аввал супоридани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хонандагоне, ки ба синни 16 расидаанд, баргузор гардид.

Дар ин ҳамоиш омӯзгорон, волидон ва намояндагони хадамоти шиносномадиҳию бақайдгирии Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Турсунзода иштирок намуданд. Зимни чорабинӣ 60 нафар хонандагони синфҳои болоӣ бори аввал соҳиби шиносномаи миллӣ гардиданд.

Сардори хадамоти шиносномавию бақайдгирии ШВКД дар ш.Турсунзода подполковники милитсия Мансур Зокирзода зимни суханрониаш зикр кард, ки гирифтани шиноснома нишонаи расмии шаҳрвандӣ буда, масъулияти ҳар як ҷавонро дар назди давлату ҷомеа бештар менамояд. Ҳамчунин таъкид шуд, ки эҳтироми қонун, ватандӯстӣ ва саҳмгузорӣ дар ободии кишвар меҳвари фаъолияти ҷавонон бояд қарор гирад.

Омӯзгорон низ ин иқдомро муҳим арзёбӣ намуда, онро қадами ҷиддӣ дар роҳи ташаккули худшиносии миллӣ ва масъулияти шаҳрвандии наврасон унвон карданд.

Чорабинӣ дар фазои идона баргузор шуда, дар охир ба иштирокчиён барору муваффақият дар таҳсил ва зиндагӣ орзу гардид.

Х. Солиҳӣ