13 Февраль, 2026

Таҷлили «Рўзи ҷорӣ гардидани низоми ягонаи шиносномавӣ”

 

27-уми декабр бахшида ба “Рўзи ҷорӣ гардидани низоми ягонаи шиносномавӣ” чорабинии тантанавӣ баргузор шуд, ки дар он роҳбарият ва ҳайати шахсии Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД ва воҳидҳои он иштирок намуданд.

Ҷамъомади тантанавиро бо сухани ифтитоҳӣ сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД полковники милитсия Мирзозода Ҷомӣ Ҷамахон оғоз бахшида, иштирокчиёни чорабиниро ба муносибати ҷашни касбии кормандони шиносномавию бақайдгирӣ ва фарорасии Соли нави мелодии 2026 табрик гуфта, қайд кард, ки “Бо дастгирӣ  ва  ғамхориҳои ҳамаҷонибаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати мо – кормандони милитсия ва саъю кўшишҳои пайвастаи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ба як воҳиди пешрафта табдил ёфта, дар самтҳои фаъолияташ пешравию дастовардҳои назаррас дида мешаванд.

Итминони комил аст, ки минбаъд низ кормандони самти шиносномавию бақайдгирӣ бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, хизмати софдилонаю содиқона ба халқу Ватани хеш ва муомилаю муносибати боэҳтиромона нисбати шаҳрвандон ва ҳамкасбон сазовори боварию эътимоди роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар, Вазорати корҳои дохилӣ ва аҳли ҷомеа мегарданд”.

Дар идомаи суханронӣ мавсуф аз таърихи пайдоиши низоми шиносномавию бақайдгирӣ, марҳилаҳои рушди ин ниҳод, пешравиву дастовардҳои самтҳои фаъолият ёдовар гардид. Номбурда,  ҳамчунин зикр кард ки: “Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ баҳри амалӣ  намудани вазифаҳои ҳуқуқтатбиқкунӣ, уҳдадориҳо оид ба назоратбарию нигоҳдорӣ ва хизматрасонии давлатӣ дар соҳаҳои фаъолияти шиносномавию бақайдгирӣ, баҳисобгирии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баррасии масъалаҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъалаҳои вобаста ба гурезаҳо, додани гувоҳномаи иқомат барои зист ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, назоратбарии будубоши шаҳрвандони хориҷӣ, инчунин барои амалӣ намудани вазифаву уҳдадориҳои алоҳидае, ки қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар менамоянд, фаъолияти хешро бомуваффақият пеш бурда истодааст”.

Ҳамзамон, қайд гардид, ки ҷиҳати беҳтар намудани шароити қабули шаҳрвандон тамоми воҳидҳои шиносномавию бақайдгирӣ бо шароити хизматрасониҳо таъмин буда, кўшиш ба харҷ дода мешавад, ки муроҷиати шаҳрвандон, тибқи муҳлатҳои муқарраргардидаи санадҳои меъёрӣ баррасӣ карда шавад.

Дар идомаи чорабинӣ муовинони сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД полковникҳои милитсия Боймаҳмад Раҷабзода ва Раҷабмоҳ Раҳмонализода, инчунин корманди Бюрои суроғавӣ-маълумотдиҳии хадамот прапоршики милитсия Зайнура Бандаева ва дигарон аз дастгириҳои пайвастаи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва фароҳамсозии шароитҳои хуби корӣ ёдовар шуда, иштирокчиёнро бо “Рўзи ҷорӣ гардидани низоми ягонаи шиносномавӣ” табрик гуфтанд.

Дар доираи чорабинии тантанавӣ сардори хадамот полковники милитсия Ҷомӣ Мирзозода ба як қатор кормандони ниҳоди мазкур ва воҳидҳои поёнии он, ки бо фармоиши Вазорати корҳои дохилӣ, барои хизматҳои содиқонаву софдилона, иштироки фаъол доштанашон дар чорабиниҳо ва дар самти фаъолият ба натиҷаҳои баланди хизматӣ ноил гардидан, бо медалҳои “Хизматҳои шоён” дараҷаҳои 1, 2, 3, “Барои далерӣ”, “Садоқат”, “Милитсияи Тоҷикистон”, “Барои саҳми арзанда дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ”, бо нишонҳои сарисинагии “Барои хизматҳои аъло дар ВКД”, “Аълочии милитсия” ва Раҳматномаҳо мукофотонида шуданд, тақдим намуд.

Хисрав Солиҳӣ

полковники милитсия