13 Февраль, 2026

Тренинги омӯзишӣ барои кормандони ХШБ минтақаи Кӯлоб

 

Бо ташаббуси роҳбарияти Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилӣ, дастгирии Намояндагии Раёсати Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба паноҳандагон дар Тоҷикистон ва ташкилоти ҷамъиятии «Ҳуқуқ ва беҳбудӣ» санаи 19 декабри соли 2025, дар шаҳри Кӯлоб барои кормандони хадамотҳои шиносномавию бақайдгирии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб тренинги омӯзишӣ дар мавзӯи «Пешгирӣ ва кам кардани бешаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои мубрами хадамотҳои шиносномавию бақайдгирӣ» баргузор карда шуд.

Пас аз сухани ифтитоҳии муовини сардори ХШБ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Боймаҳмад Раҷабзода, намояндаи РКО СММ  оид ба паноҳандагон дар Тоҷикистон Хисрав Холов ва сарвари иҷроияи ташкилоти ҷамъиятии «Ҳуқуқ ва беҳбудӣ» Екатерина Смолякова, мутахассисони соҳа: сардори ШТНҲ ХШБ ВКД полковники милитсия Хисрав Солиҳӣ бо маърӯзаи «Танзими кори ҳуҷҷатгузории шахсони паноҳҷӯянда ва гуреза», иҷрочии калони шуъбаи хадамоти иҷро дар шаҳри Кулоб Некруз Қаландарзода дар мавзӯи «Ҳамкориҳои Хадамоти иҷро бо хадамотҳои шиносномавию бақайдгирӣ дар самти корбарӣ бо шахсони аз пардохти алимент (нафақа)-и фарзандон саркашинамуда», сардори шуъбача оид ба масъалаҳои шаҳрвандии ШШ ва КГ ХШБ ВКД подполковники милитсия Саид Давлатзода дар мавзӯи «Шарҳи Қонуни конститутсиониии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва шартнома дар бораи ба танзимдарории масъалаҳои душахрвандӣ», сардори БСМ ХШБ РВКД дар вилояти Хатлон майори милитсия Нурилло Раҳматов дар мавзӯи «Баррасии мушкилоти ҷойдошта дар кори ҳуҷҷатгузории шиносномавию бақайдгирӣ ва махзани иттилоотии ХШБ вилояти Хатлон» ва ҳамоҳангсози лоиҳаи ТҶ «Ҳуқуқ ва беҳбудӣ» Екатерина Смолякова оид ба “Баррасии мушкилоте, ки барои шахсони бешаҳрванд ҳангоми муроҷиат ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён меоянд”, баромад намуданд.

Дар тренинги омӯзишии мазкур сардорон ва кормандони масъули тамоми шаҳру ноҳияи минтақаи Кӯлоб иштироки фаъолона намуда, байни баромадкунандагону иштирокчиён мубодилаи афкор ва таҷриба сурат гирифт.

Х. Солиҳӣ