Санаи 6-уми декабри соли 2025, дар шаҳри Хуҷанд, бо иштироки сардорон ва кормандони масъули хадамотҳои шиносномавию бақайдгирии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он семинари омўзишӣ баргузор карда шуд.

Дар кори семинари мазкур сардори шуъбачаи РНТ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон подполковники милитсия Беҳзод Расулзода ва сардори ХШБ РВКД дар вилояти Суғд полковники милитсия Бахтиёр Ҳайдарзода суханронӣ намуда, доир ба масъалаҳои раванди амалигардонии низоми ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ, низоми электронии иттилоот ва дигар мавзўҳои мубрами кори шиносномавию бақайдгирӣ ибрози назар карданд.

