03 Декабрь, 2025

Баррасии масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ дар шаҳри Москва

 

Рўзҳои 26-28 ноябри соли 2025 ҳайати гуруҳҳои корӣ аз Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Москва сафар намуда, дар ҷаласаҳои вобаста ба масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, ҳифзи ҳуқуқи шаҳрванди кишварҳо ва амсоли ин ширкат варзиданд.

Дар доираи ин сафар ҷаласаи панҷуми гурӯҳи кории Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дар масъалаҳои мубориза бар зидди муҳоҷирати ғайриқонунӣ баргузор гардид, ки дар кори он аз ҷониби ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилӣ полковники милитсия Боймаҳмад Раҷабзода, муовини сардори раёсати нозиротӣ-ташкилии Вазорати корҳои дохилӣ полковники милитсия Анвар Носирзода, муовини сардори раёсати ҳамкориҳои байналмилалии Вазорати корҳои дохилӣ полковники милитсия Заррина Ҳалимзода  ва сардори шуъбаи шаҳрвандӣ ва кор бо гурезаҳои Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилӣ полковники милитсия Фатҳиддин Исматзода иштирок наумданд.

Ҳайати намояндагони ҷониби Россияро муовини сардори Хадамот оид ба масъалахои шахрванди ва бакайдгирии шахрвандони хоричии ВКД Россия генерал-лейтенанти политсия Казакова Валентина Львовна роҳбарӣ намуд.

Дар ҷараёни ҷаласаҳо, дар умум ҷонибҳо тағйироти асосии қонунгузории муҳоҷирати ду кишварро барои солҳои 2024-2025 баррасӣ намуда, тамоюлҳои ҷории муҳоҷирати меҳнатӣ, хатсайрҳои муайяншудаи убури ғайриқонунии марзҳо ва чораҳои пешгирии онҳоро баррасӣ намуданд. Инчунин таҷрибаи татбиқи Созишнома оид аб реадмиссияи ва масъалаҳои иҷрои созишномаҳое, ки дар машваратҳои байнисоҳавӣ 28 майи соли 2024 ба даст оварда шудаанд, дида баромада шуда, ба рушди муҳоҷирати меҳнатии муташаккил ва тақвияти ҳифзи ҳуқуқии шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Русия кор мекунанд, инчунин қадамҳои муштарак оид ба пешгирии вайронкунии қонунгузории муҳоҷират, аз ҷумла мубориза бо бақайдгирии қалбакӣ ва шуғли ғайриқонунӣ диққати махсус дода шуд.

Аз натиҷаи ҷаласаҳо ҷонибҳо нияти таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷиратро тасдиқ намуда, ба мувофиқа расиданд, ки мубодилаи иттилооти оперативиро фаъол созанд ва нақшаи навшудаи чорабиниҳои муштаракро барои соли 2026 мувофиқа кунанд.

Пас аз анҷоми чорабинии расмӣ меҳмонон аз ҷойҳои тамошобоби шаҳри Москва дидан намуданд.

Х. Солиҳӣ