17 Ноябрь, 2025

Чорабинии маърифатӣ бо иштироки намояндаҳои шахсони паноҳҷўянда ва гуреза

 

15 ноябри соли 2025 дар истироҳатгоҳи «Садбарг»-и Вазорати корҳои дохилӣ аз тарафи Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ дар якҷоягӣ бо ташкилоти ҷамъиятии «Инсон ва Адолат» ва кўмаки Намояндагии Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба паноҳандагон дар Тоҷикистон барои шахсони паноҳҷўянда ва гурезаҳои дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон будубошдошта чорабинии маърифатӣ-омӯзишӣ таҳти унвони «Ҳамкориҳо баҳри ояндаи неки паноҳандагон ва гурезаҳо» баргузор карда шуд.

Дар чорабинии мазкур намояндагони Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ, Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба паноҳандагон дар Тоҷикистон, ташкилоти ҷамъиятии «Инсон ва Адолат», инчунин намояндагони ҷамъияти гурезаҳое, ки дар шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Рўдакӣ, Ҳисор, Бохтар ва дигар шаҳру ноҳияҳо зиндагонӣ мекунанд, иштирок доштанд.

Доир ба мавзӯҳои ҷамъомад сардори шуъбаи таҳлилӣ-назоратӣ-ҳуқуқии Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ полковники милитсия Хисрав Солиҳӣ, намояндагони РКО СММ оид ба паноҳандагон дар Тоҷикистон Хисрав Холов, ташкилоти ҷамъиятии «Инсон ва Адолат» Хуршед Қодирқулов ва дигар мутахассисони соҳа суханронӣ намуданд.

Суҳбатҳо дар фазои озоду самимӣ ва якдигарфаҳмӣ доир гардиданд.

Дар доираи чорабинии маърифатӣ аз ҷониби мутахасиси Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ тавсияи мухтасар «Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои шахсони паноҳҷўянда ва гуреза дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» муаррифӣ карда шуд, ки аз ҷониби намояндагони шахсони паноҳҷўянда ва гуреза хўш пазируфта шуд.

Дар ҷараёни чорабинии маърифатӣ масъалаҳои мубраме, ки дар кору фаъолияти шахсони паноҳҷӯянда ва гурезаҳо ҳамарӯза вомехӯранд, аз ҷумла фарогирӣ ба таҳсил, таъмин бо ҷойи кори муносиб, тартиби расонидани кўмакҳои башардўстона, риояи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи самти гурезаҳои кишвари будубош аз ҷониби шахсони панохҷўянда ва гуреза мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода шуданд. Ҷиҳати ҳалли мушкилоти ҷойдошта ва ҳамкориҳои судманди минбаъда аз ҷониби мутахассисони соҳа тавсияҳои муфид дода шуданд.

Ҳамчунин, фикру мулоҳизаҳои ва таклифу пешниҳодҳои иштирокчиёни чорабинӣ баҳри беҳтару хубтар ба роҳ мондани фаъолият ҷиҳати ҳалли мушкилоти ҷойдошта манзур карда шуда, аз натиҷаи он қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

 Х.Солиҳӣ