14 Ноябрь, 2025

Чорабинии тантанавӣ ба муносибати ҷашни «Рӯзи кормандони милитсия»

 

10-уми ноябри соли 2025 бахшида ба таҷлили иди касбии «Рӯзи кормандони милитсия» дар Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ бо иштироки роҳбарият ва ҳайати шахсии хадамот ҷаласаи тантанавӣ доир гардид.

Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт.

Сипас, бо сухани ифтитоҳӣ сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ полковники милитсия Мирзозода Ҷомӣ Ҷамахон баромад намуд. Номбурда, ҳайати шахсии хадамот ва дар симои онҳо тамоми кормандони мақомоти корҳои дохилиро бо иди касбии «Рӯзи милитсияи тоҷик» табрик гуфта, тансиҳатӣ, бурдборӣ, ҳушёриву ќавииродагӣ дар кору хизматашон баҳри ҳифзи Ватани азизамон таманно намуд.

Қайд карда шуд, ки Вазифаҳои муҳими милитсия — ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти ҷомеа ва таҳкими оромиву суботи кишвар мебошад.

Соли 2012 бо пешниҳоди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйирот ворид карда шуд, ки тибқи он 10-уми ноябр Рӯзи милитсия эълон гардид.

Акнун ҳар сол дар Тоҷикистон 10-уми ноябр ҳамчун Рӯзи милитсияи тоҷик бо шукӯҳу шаҳомат ва шукргузорӣ аз неъмати истиқлолияти давлатӣ ҷашн гирифта мешавад.

Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз шохаҳои асосии мақомоти милитсия ба ҳисоб рафта, баҳри ободию пешрафти Тоҷикистон хизмат бурда истодааст.

Кормандони мо тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҷиҳати таъмини саривақтии шаҳрвандон бо шиносномаи шаҳрвандӣ, шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷӣ, бақайдгирии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъалаҳои шаҳрвандӣ, назорати будубоши шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бешаҳрванд, паноҳҷӯянда ва гурезаҳо фаъолона хизмат намуда истодаанд.

Ҳамзамон, кормандони Хадамот дар тамоми чорабиниҳои Вазорати корҳои дохилӣ ҷиҳати таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон ва баргузории чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ саҳми бевоситаи худро мегузоранд.

Дар идомаи чорабинӣ як қатор кормандони дастгоҳи марказии хадамот, аз ҷумла подполковники милитсия Гулнора Тоҳирӣ, сержанти калони милитсия Фаридун Ҳасанзода ва дигарон бахшида ба таҷлили иди касбии «Рӯзи милитсия» суханронӣ намуда, таманниёти неки худро баён намуданд.

Дар ҷамъомади тантанавӣ барои хизматҳои содиқонаю софдилона, интизоми намунавӣ ва натиҷаҳои хуби корӣ ба кормандони Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ва воҳидҳои поёнии он, ки бо фармоиши Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо медалу нишонҳои сарисинагӣ, ифтихорномаи фахрӣ, сипоснома ва раҳматномаҳо мукофотонида шуда буданд, аз ҷониби сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ дар фазои тантанавӣ супорида шуданд.

Расми хотиравӣ ба чорабинии идона ҳусни анҷом бахшид.

Х. Солиҳӣ