Ба муносибати таҷлили “Рўзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” санаи 31 октябри соли 2025 дар доираи дарси хизматӣ бо ҷалби омўзгор ва мутахассиси ботаҷриба, сардори кафедраи фанҳои давлатӣ ва ҳуқуқии Академияи Вазорати корҳои дохилӣ полковники милитсия Каримзода Умар Карим дар мавзўи “Муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” чорабинии маърифатӣ доир карда шуд.

Дар чорабинӣ роҳбарият ва ҳайати шахсии дастгоҳи марказии Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ширкат варзиданд.

Полковники милитсия Умар Каримзода ба иштирокчиён заминаҳои қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, тағйироти ба он воридшуда ва ҳар як боб ва моддаи онро шарҳу тафсир дод.

Зимни вохўрӣ байни баромадкунанда ва иштирокчиён вобаста ба мавзўи ҷамъомад саволу ҷавоб сурат гирифт.
Х.Солиҳӣ