Рўзҳои 21 то 22 октябри соли 2025 дар шаҳри Самарқанд ҷаласаи 28-уми Комиссияи муштараки давлатҳои иштирокчии Созишнома дар бораи ҳамкории давлатҳои иштирокчии ИДМ дар мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласа намояндагони ҷумҳуриҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Узбекистон, инчунин аз Маркази зиддитеррористии давлатҳои иштирокчии ИДМ ва Кумитаи иҷроияи ИДМ иштирок карданд.

Дар ҷаласаи мазкур Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муовини сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ полковники милитсия Нуралӣ Сафарзода намояндагӣ кард.

Аъзоёни Комиссия дар бораи чорабиниҳое, ки дар ҳудуди кишварҳои худ дар соҳаи муқовимат ба муҳоҷирати ғайриқонунӣ, пурзӯр намудани назорати раванди муҳоҷират, тағйирот дар қонунгузории миллии муҳоҷират ва масъулият барои вайрон кардани он ибрози назар намуда, аз таҷрибаи мақомоти салоҳиятдори кишварҳо дар истифодаи технологияҳои муосири иттилоотӣ доир ба мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ шинос гардиданд.

Ҳамчунин, аъзоёни Комиссияи муштарак аз рафти баҳисобгирӣ ва бақайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандиро, ки ба ҳудуди давлатҳои Иттиҳод ворид мешаванд, мубодилаи таҷриба карданд.
Илова бар ин, иштирокчиёни ҷаласа аз Маркази вазъиятии РВКД дар вилояти Самарқанд дидан намуда, аз фаъолият ва таҷрибаи кории кормандоне, ки бо масъалаҳои муқовимат ба муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва таъмини амният дар иншооттҳои сайеҳӣ машғуланд, шинос шуданд.