14 Ноябрь, 2025

Сафари хизматии кормандони ХШБ ба Ҷумҳурии Федеративии Олмон

 

Рўзҳои 22-24 октябри соли 2025 дар шаҳри Берлини Ҷумҳурии Федеративии Олмон даври навбатии гуфтушунидҳо роҷеъ ба лоиҳаи Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Олмон оид ба реадмиссияи шахсони бе иҷозат иқоматдошта ва лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Олмон оид ба бекор кардани талаби раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ ва хизматӣ баргузор гардид.

Дар гуфтушунидҳо сардори раёсати хизматрасониҳои консулии Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сомон Ҷобирӣ, муовини сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Боймаҳмад Раҷабзода, сардори шуъбаи таҳлилӣ-назоратӣ ва ҳуқуқии Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилӣ Хисрав Солиҳӣ, сардори шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии Вазорати корҳои дохилӣ Исмоил Зокирзода ва кормандони масъули Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон иштирок доштанд.

Аз ҷониби Ҷумҳурии Федеративии Олмон сардори раёсати ҳамкориҳои муҳоҷиратии Аврупо ва Осиёи Вазорати корҳои дохилии Олмон доктор Ларс Маммен, мутахассиси раёсати ҳамкориҳои муҳоҷиратии Аврупо ва Осиёи Вазорати корҳои дохилӣ хонум Каролин Штуфт, референти корҳои роҳбарӣ ва оперативии Вазорати корҳои дохилӣ ҷаноби Филип Рейхзер, референт оид ба қонунҳои марбут ба шахсони паноҳҷўянда ва кори раводиди масъалаҳои умумии муҳоҷиратии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Федеративии Олмон ҷаноби Саймон Тайз ширкат доштанд.

Ҷонибҳо доир ба масъалаҳои муҳоҷират, раводид, масъалаҳои консулӣ ва дигар масъалаҳои дахлдор вохўрӣ намуда, бо иштироки мутахассисони соҳа лоиҳаи Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федератиивии Олмон оид ба реадмиссияи шахсони бе иҷозат иқоматдошта мавриди баррасӣ қарор дода шуда, бандҳои мавриди таваҷҷуҳ мувофиқа карда шуданд.

Мулоқоту гуфтушунидҳо ва шиносоӣ бо таҷрибаҳои корӣ дар фазои якдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум анҷом ёфта, ҷонибҳо  ба тақвияти ҳамкориҳо изҳори ҳавасмандӣ карданд.

Х. Солиҳӣ