14 Ноябрь, 2025

Бурдани корҳои иттилоотию фамондадиҳӣ дар байни кормандони ХШБ РВКД дар вилояти Суғд

 

Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ полковники милитсия Мирзозода Ҷомӣ Ҷамахон дар якҷоягӣ бо дигар кормандони масъули хадамот рўзҳои 27-29 октябри соли 2025 бо сафари хизматӣ дар вилояти Суғд қарор доштанд.

Сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ нахуст аз фаъолияти кормандони хадамотҳои шиносномавию бақайдгирии ШВКД дар шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Айнӣ, Шаҳристон, Б.Ғафуров, Спитамен, Бустон ва дигар хадамоту бахшҳо дидан намуда, ба вазъи кори ҳуҷҷатгузорӣ, шароити хизматбарӣ, тозагиву мураттабӣ, муносибату муомилаи хўши кормандон бо шаҳрвандон зимни хизматрасониҳои давлатии соҳа таваҷҷўҳ зоҳир намуд.

Зимни ҷаласаи хизматӣ, ки санаи 29 октябри соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи ХШБ РВКД дар вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд доир гардид, сардори хадамот полковники милитсия Ҷомӣ Мирзозода дар баробари додани дастурҳои зарурӣ бобати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, ҳамзамон ҷиҳати беҳтару хубтар ба роҳ мондани фаъолияти корӣ як қатор дастуру супоришҳои роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва Хадамоти шиносномавию бақайдгириро ба сардорон ва кормандони масъули хадамотҳои шиносномавию бақайдгирии РВКД дар вилояти Суғд, ШВКД дар шаҳру ноҳияҳои вилоят расонид.

Аз ҷумла, ҷиҳати баррасии саривақтии муроҷиати шаҳрвандон вобаста ба фаъолияти корӣ, дуруст ва сари вақт тартиб додани аризаҳои шакли №1, риояи пўшидани либоси низомӣ, беҳтар намудани фаъолият дар самтҳои коргузории низоми автоматикунонидашудаи иттилоотии БСМ, ба қайди муваққатӣ гирифтани шаҳрвандон, муайян ва дастгир намудани шахсони дар ҷустуҷў қарордошта, пурра гузаштан ба пардохти ғайринақдӣ ва низоми электронии иттилоот масъулин вазифадор карда шуданд.

Ҳамчунин, сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ полковники милитсия Мирзозода Ҷомӣ Ҷамахон қатъӣ таъкид намуд, ки зимни иҷрои уҳдадориҳои вазифавии худ ба ҳолатҳои коррупсионӣ, тамаъҷўӣ, баромадан аз ваколатҳои мансабӣ, ҷалби шахсони миёнарав ва шахсони бегона ба раванди коргузорӣ роҳ надода, бо шаҳрвандон, махсусан бо шаҳрвандони хориҷӣ бо хўшмуомилагӣ рафтор намоянд, ҳамчун корманди милитсия дар гирифтани пеши роҳи ҳама гуна ҷинояту қоидавайронкуниҳо саҳми худро гузоранд.

Х. Солиҳӣ