«Албатта, баҳри пойдории тартибу низом, оромиву осоиштагии мардум, инчунин волоияти қонун мебояд ҳамагон бо оддитарин амали худ, яъне риояи қонунҳои амалкунандаи давлат ва ё он санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, саҳмгузор бошанд», – иброз дошт муовини сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилӣ полковники милитсия Нуралӣ Сафарзода дар оғози ҷамъомади марҳилаи амалиёти махсуси санҷишӣ таҳти унвони «Нелегал-Кордон» дар соли 2025.

Мавсуф зимни суханронӣ қайд кард, ки ҳамаи он кормандону масъулоне, ки баҳри роҳандозӣ кардани чорабиниҳои оперативӣ-профилактикӣ ва амалиёти махсус оид ба муқовимат ба муҳоҷирати ғайриқонунии шаҳрвандони кишварҳои сеюм (дар робита бо СААД), таҳти унвони шартии “Нелегал-Кордон” сафарбар шудаанд, зимни санҷиши ҳуҷҷатгузориҳои шаҳрвандони хориҷӣ бодиққат бошанд ва дар муоширату муносибат бо онҳо бояд намунаи ибрати корманди мақомот бошанд.

Ҳамасола, дар асоси қарори Шурои ҳамоҳангсозии мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои талаботи Фармоиши якҷояи Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду марҳила чорабиниҳои оперативӣ-профилактикӣ ва амалиёти махсус оид ба муқовимат ба муҳоҷирати ғайриқонунии шаҳрвандони кишварҳои сеюм таҳти унвони шартии «Нелегал» гузаронида мешавад.

Ин навбат, аз санаи 13-ум то 22-юми октябри соли 2025 дар кишвар марҳилаи дуюми амалиёти мазкур бо иштироки намояндагони чанд мақомоти дахлдор дар шаҳри Душанбе, вилоятҳои Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Хатлон, Суғд, минтақаи Рашт ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ роҳандозӣ гардида, дар рафти он қонунӣ будани будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ, ҷойи зист дар хонаҳои истиқоматӣ, меҳмонхонаҳо, хобгоҳҳо, фаъолияти меҳнатии онҳо дар бозору марказҳои савдо, ширкатҳо, тарабхонаҳо, нуқтаҳои таъмири мошинҳо ва иншоотҳои сохтмонӣ, гаштугузор дар фурудгоҳҳо ва истгоҳҳои роҳи оҳан мавриди санҷиш қарор хоҳанд гирифт.

Тавре сардори шуъбаи назорати шаҳрвандони хориҷии Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилӣ полковники малитсия Рустам Туразода қайд кард, мақсад аз баргузории амалиёти санҷишии мазкур таъмини волоияти қонун, ба танзим даровардани раванди муҳоҷират, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо, муайян ва ошкор намудани муҳоҷирати ғайриқонунӣ мебошад.
Раҷаббек ИЛЁСЗОДА