14 Октябрь, 2025

Дастгирии ҳамешагӣ ба пешрафти фаъолият мусоидат мекунад

 

Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо дастгирии ҳамаҷонибаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талошҳои пайвастаи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дигаргунӣ ва дастовардҳои назаррас ба чашм мерасанд. Ҳамаи ин боис мегардад, ки кормандони милитсия баҳри боз ҳам хубтар ба роҳ мондани хизматрасониҳо ба аҳолӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Тавре сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ШВКД дар шаҳри Ваҳдат капитани милитсия Раҷабмурод Сафарзода иброз дошт, дар кору фаъолияти онҳо низ пешравию навовариҳои зиёд сурат гирифтааст: «Мо низ аз ин дастгириҳо бархурдор буда, барои огоҳии шаҳрвандон вобаста ба гирифтани шиносномаи миллӣ, иваз ва бақайдгирӣ, инчунин гирифтани шиносномаи хориҷӣ дар саҳни бино овезаҳои иттилоотӣ насб карда шудааст. Сокинон ҳангоми ворид шудан ба бино аз маълумоти зарурӣ ҷиҳати омодасозии ҳуҷҷатҳо тибқи талаботи қонунгузорӣ огоҳ мегарданд», – мегўяд ў.

Бояд гуфт, давоми 8 моҳи сипаришудаи соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ШВКД дар шаҳри Ваҳдат ба 12814 нафар шаҳрвандон шиносномаи миллӣ дода шудааст, ки аз ин шумора 5223 нафарашон шаҳрвандоне мебошанд, ки бори аввал соҳиби шиноснома гардидаанд.

Инчунин, дар ин муддат аз ҷониби кормандони бахши шиносномавию бақайдгирӣ ва кормандони масъули ШВКД баҳри иҷрои талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор, аз ҷумла сари вақт гирифтани шиносномаи миллӣ ва дар ҷойи зист ба қайд гузоштан, нигаҳдорӣ ва ба каси дигар надодани шиноснома ва дигар паҳлуҳое, ки дар ин самт қонунгузорӣ талаб менамояд, дар маҳаллаву ҷамоатҳои деҳоти ҳудуди шаҳри Ваҳдат бо аҳолӣ, дар муассисаҳои таълимии миёнаву омўзишгоҳҳои тиббиву касбомўзии ҳудуди шаҳр бо хонандагону толибилмон, вохўриҳои судманд гузаронида шудааст.

Зимни баргузории чунин вохўриҳо дар ҳашт муассисаи таълимии миёнаи умумӣ ба 280 нафар хонандагоне, ки ба синни 16 расидаанд, ботантана шиносномаи миллии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

Ҳамсуҳбати мо илова намуд, ки давоми 8 моҳи сипаришудаи соли равон аз тарафи кормандони ин бахш дар шаҳри Ваҳдат, тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқгардида 23 маротиба амалиёти реҷаи шиносномавӣ гузаронида шуд, ки дар рафти онҳо нисбати 3098 нафар шаҳвандоне, ки талаботи қонунгузориро вайрон кардаанд протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораҷўӣ ба мақомоти дахлдор ирсол гардидааст.

Инчунин, қайд кардан ба маврид аст, ки дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат зиёда аз 1200 нафар шаҳрвандони хориҷӣ иқомат доранд, ки аз ҷониби кормандони ин бахш пайваста бо онҳо суҳбатҳо гузаронида шуда, ҳолатҳои будубошашон зери назорат қарор дорад.

Зимни роҳандозӣ намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ риояи қонунҳои амалкунандаи давлат ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, таъкид карда мешавад.

– Бояд гуфт, ки имрўз ҳайати шахсии ХШБ ШВКД дар шаҳри Ваҳдат донишу малакаи касбии худро баҳри пешрафти кор, иҷрои саривақтии қарорҳои мушовараи ВКД, дастуру супоришҳои роҳбарият, инчунин пешгирии қонуншиканиву таъмини тартиботи ҷамъиятӣ равона сохта, дар самти фаъолият ба дастовардҳои нав ба нав ноил гардидаанд, – афзуд ҳамсуҳбати мо.

Тоҷиддин ЛАТИПОВ