14 Октябрь, 2025

Сафари ҳайати вазоратҳои корҳои дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Подшоҳии Белгия

 

Намояндагони вазоратҳои корҳои дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баррасии санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа ба Подшоҳии Белгия сафар намуданд, ки сафари хизматии онҳо аз 20-ум то 25-уми сентябри соли 2025 идома меёбад.

Дар сафари хизматии мазкур ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ полковники милитсия Мирзозода Ҷомӣ Ҷамахон ва муовини сардори хадамот полковники милитсия Раҷабзода Боймаҳмад Шариф намояндагӣ менамоянд.

Нимаи аввали рӯзи 22-юми сентябр бо муовини директори генералӣ оид ба масъалаҳои консулии Хадамоти федералии давлатии корҳои хориҷӣ, савдои хориҷӣ ва ҳамкорӣ баҳри рушди Подшоҳии Белгия, хонум Сандра Мореау мулоқот анҷом дода шуд.

Сипас, даври нахустини гуфтушунид роҷеъ ба лоиҳаи Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои Бенилюкс оид ба бекор кардани талаби раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ ва хизматӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони Вазорати корҳои хориҷии кишвар ширкат варзиданд.

Нимаи дуюми рӯз, вохӯрии ҳайати вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мудири кулли Идораи муҳоҷирати Хадамоти федералии давлатии корҳои дохилии Белгия Фредди Рузмонт баргузор гардид. Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба масъалаҳои тақвият бахшидани ҳамкориҳо дар самти муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва дигар мавзӯъҳои дахлдор табодули афкор намуданд.

Дар идомаи сафар рӯзҳои 22-23 сентябри соли 2025 даври дуюми гуфтушунид роҷеъ ба лоиҳаи Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои Бенилюкс оид ба реадмиссияи шахсони ғайриқонунӣ будубошдошта мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҷонибҳо муқаррароти созишномаи зикргардидаро бори дигар таҳлилу баҳогузорӣ намуда, ба мувофиқаи ниҳоӣ расиданд.

Дар ин раванд, мулоқоти муштарак бо муовинони дабири кулли Иттиҳоди Бенилюкс Мишел-Этиен Тиллеманс (сафир, намояндаи Белгия) ва Жан-Клоуд Мэер (сафир, намояндаи Люксембург) дар назар дошта шудааст.

Ҳангоми сафари хизматӣ меҳмонон ҳамчунин бо сохтори Хадамоти муҳоҷирати Подшоҳии Белгия шинос гардида, бо намояндагони ҷамъияти тоҷикон дар Белгия вохӯрӣ менамоянд, аз ҷойҳои таърихию фарҳангӣ ва тамошобоби шаҳрҳои кишвари Белгия дидан менамоянд.

Х. Солиҳӣ