Амалиёти «Нелегал-2025» дар вилояти Хатлон

 

Бо мақсади ба танзим даровардани раванди муҳоҷират ҳамасола дар давлатҳои аъзои Шӯрои ҳамоҳангсозии мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) дар чанд марҳила амалиёти муштараки «Нелегал» гузаронида мешавад.

Бо мақсади пешгирии вайрон кардани қоидаҳои будубош ва фаъолияти меҳнатии ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, муайян намудани роҳҳои муҳоҷирати  ғайриқонунӣ, пешгирии дигар ҳуқуқвайронкунию қонуншиканӣ ва содир намудани ҷиноятҳо дар байни шаҳрвандони хориҷӣ аз 16 то 25 июни соли 2025 дар тамоми минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи 1-уми амалиёт бо унвони рамзии “Нелегал-Трафик” роҳандозӣ карда шудааст.

Рафти амалиёт аз тарафи кормандони Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон ва бахшҳои он дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар якҷоягӣ намояндагони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, намояндагони Хадамоти муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон тибқи нақшаи тартибдодашуда дар ҳудуди вилоят амалӣ гардида истода аст.

Айни замон санҷишҳои назоратӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, бозору марказҳои тиҷоратӣ идома доранд

Чорабинии мазкур мутобиқи қарори Шӯрои ҳамоҳангсозии мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ роҳандозӣ гардида, зимни он риояи будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар хонаҳои истиқоматӣ, меҳмонхонаҳо, хобгоҳҳо, корхонаву ташкилот ва иншооти корӣ мавриди санҷиш қарор дода мешаванд.

Ҳангоми баргузории чорабиниҳои оперативӣ-профилактикӣ ва амалиётҳои санҷишӣ ба муҳлати раводид, бақайдгирии шиносномаҳои шаҳрвандони хориҷӣ ва ҳуҷҷатҳои шахсони бешаҳрванд дар мақомоти корҳои дохилӣ, доштан ва ё надоштани иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунӣ будани истиқомати доимӣ ё муваққатӣ, риояи қонунҳои амалкунанда ва санадҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, диққати асосӣ равон карда мешавад.

Амалиёти «Нелегал- Трафик» айни замон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон идома дорад.