
Риояи қонуният, эҳтиром гузоштан ба волоияти қонунҳои амалкунандаи ҳар он кишваре, ки дар он одамон истиқомат мекунанд, яке аз василаҳои асосии пешгирии қонуншиканӣ ва пойдории тартиботи ҷамъиятӣ ба шумор меравад. Дар ҷаҳон чӣ давлати пешрафтаву тараққикарда бошад ва ё миёна, дар ҳамаи онҳо раванди муҳоҷирати қонуниву ғайриқонунии шаҳрвандони кишварҳои дуюму сеюм дида мешавад.
Дар ин асно, барои ба танзим даровардани раванди муҳоҷират ҳар як кишвари интиқолдиҳанда ва ё қабулкунандаи муҳоҷирон қонуну қарор, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва талаботи худро доранд, яъне қабулу бақайдгирӣ, назорату баҳисобгирӣ, амалӣ намудани фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони хориҷӣ дар доираи қонунҳои амалкунандаашон дуруст ба роҳ монда мешавад. Бо ин мақсад, ҳамасола дар давлатҳои аъзои Шурои ҳамоҳангсозии мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) дар ду марҳила чорабиниҳои фаврӣпрофилактикии муштарак ва амалиётҳои махсус доир ба муқовимат бо муҳоҷирати ғайриқонунии шаҳрвандони кишварҳои сеюм таҳти унвони шартии «Нелегал» гузаронида мешавад.
Ин навбат низ тибқи қарори Шурои ҳамоҳангсозии мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунии СААД дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тибқи Фармоиши якҷояи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 16-ум то 25-уми июни соли 2025 марҳилаи аввали чорабиниҳои оперативӣ-профилактикӣ ва амалиёти махсус оид ба муқовимат бо муҳоҷирати ғайриқонунии шаҳрвандони кишварҳои сеюм (дар робита бо СААД), таҳти унвони шартии «Нелегал-Трафик» оғоз гардид.
Амалиётҳои санҷишии муштарак бо иштироки намояндагони ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ вобаста ба самти фаъолият, намояндагони КДАМ ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, он дар ҳудуди кишвар – шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи марказ, вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои минтақаи гурўҳи Рашт ва Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон баргузор мегардад.
Зимни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-профилактикӣ масъалаҳои риояи будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ, раводидӣ ва бақайдгирӣ, воридот ва хуруҷи онҳо аз ҳудуди ҷумҳурӣ, иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ, назорат ва баҳисобгирии муҳоҷирон, кор бо гурезаҳо ва риояи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ таҳти санҷиш қарор дода мешавад.
Санҷишҳои муштарак дар корхонаву ташкилотҳое, ки дар онҳо шаҳрвандони хориҷӣ фаъолияти меҳнатӣ менамоянд, манзилҳои истиқоматӣ, меҳмонхонаҳо, хобгоҳҳо, иншооти сохтмонӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ ва марказҳои савдо, инчунин истгоҳҳои роҳи оҳану фурудгоҳҳо амалӣ мегардад.
Р. ИЛЁСЗОДА