Хушмуомилагӣ бо сайёҳон – аз вазифаҳои аввалиндараҷаи кормандони милитсия

 

Ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Талабномаи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ аз тарафи кормандони Хадамоти шиносномавию бақайдгирии дастгоҳи Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бо нозирони минтақавии милитсия, бозрасони давлатии автомобилӣ, милитсионерони постбонӣ-пайраҳадорӣ ва дигар кормандоне, ки бо шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд аз рӯи вазифаҳои хизматиашон сару кор доранд, вохӯриҳо гузаронида шуда истодаанд.

Чунин баромаду вохӯриҳо аз ҷониби муовини сардори ХШБ РВКД дар вилояти Суғд подполковники милитсия Ваҳобзода Иномҷон ва нозири гурӯҳ оид ба масъалаҳои шаҳрвандии хадамоти мазкур подполковники милитсия Мансурзода Анвар Муҳамад дар шаҳри Исфара ва ноҳияи Спитамен баргузор карда шуд.

Дар доираи чорабиниҳои маърифатии мазкур мутахассисони соҳа талаботҳои санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии танзимкунандаи самти назорати будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба самъи иштирокчиён расонида, ба роҳ мондани муомилаю муносибати хуб бо шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бешаҳрванд ва махсусан сайёҳонро дар ҳудуди минтақаҳои хизматӣ аз вазифаҳои афзалиятноки фаъолияти корӣ донистанд.

Зимни вохӯриҳо кормандони соҳаҳои зикргардида ҳамчунин дар атрофи мавзӯи хизматрасониҳои давлатӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ибрози андеша намуданд.

Х. Солиҳӣ