
28-уми майи соли 2025 сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ полковники милитсия Мирзозода Ҷомӣ Ҷамахон бо мудири Коллеҷи сарҳади Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо (САҲА) барои ҳайати роҳбарикунанда хонум Элизабет Лахифф мулоқот анҷом дод.
Аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ ҳамчунин намояндаи Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил, дигар кормандони масъули Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ва аз ҷониби САҲА ҷаноби Андриан Кринтя, мутахассис оид ба маорифи Коллеҷи сарҳади САҲА барои ҳайати роҳбарикунанда ва ҳамоҳангсозии миллии лоиҳа Азамҷон Салохов ширкат доштанд.
Дар ҷараёни вохурӣ ҷонибҳо доир ба имкониятҳои Коллеҷи сарҳади САҲА барои ҳайати роҳбарикунанда, мавзӯҳои курсҳои омӯзишии ташкилшаванда роҷеъ ба муқовиматсозӣ ба роҳҳои муҳоҷирати ғайриқонунӣ, ташкили хуруҷи ғайриқонунӣ, гузаштани транзитӣ тариқи ҳудуди Тоҷикистон, ташкили будубоши ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои дахлдори соҳа ибрози андеша намуданд.
Сардори Хадамоти шиносномави бақайдгирӣ Ҷомӣ Мирзозода зикр намуд, ки ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ омода аст, ҳамкориҳоро бо Коллеҷи сарҳад баҳри баланд бардоштани савияи дониш ва касбияти кормандон дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монад.
Изҳорӣ боварӣ карда шуд, ки дар сурати интихоби мавзӯҳои мубрами дахлдори соҳа барои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар сохторҳои марбута бо ҷалби мутахассисон курсҳои омӯзишӣ ташкил карда шаванд.
Вохӯрӣ дар фазои якдигарфаҳмӣ анҷом ёфт.
Х. Солиҳӣ