
Бо мақсади сари вақт таъмин намудани хонандагони мактабҳои миёна бо шиноснома масъулини ХШБ ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ташаббус нишон дода, дар ҳамкорӣ бо роҳбарияти муассисаҳои таълимӣ дар баробари корҳои фаҳмондадиҳию тарғиботӣ ба хонадагон марҳила ба марҳила шиноснома месупоранд.
Чорабинии навбатии супоридани шиноснома ба хонандагони Литсейи миёнаи №4-и ноҳияи Шоҳмансур баргузор гашт. Дар чорабинӣ муовини сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ полковники милитсия Раҷабмоҳ Раҳмонализода ва сардори ХШБ ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур подполковники милитсия Исматулло Асадуллозода суханронӣ намуданд.
Баромадкунандагон оид ба вазъи қоидавайронкуниҳо дар байни наврасону ҷавонон ибрози назар намуда, хонандагонро ба таҳсили хубу касбу донишомўзӣ ташвиқ намуданд. Қайд гардид, ки ҳар як фарзанди баору номуси кишвар баҳри ободию пешрафти Ватани хеш бо илму ҳунар ва одоби накую ҳамида метавонад саҳмгузор бошад. Ояндаи кишвар маҳз дар дасти ҷавонони имрўза буда, хонандагон бояд ҳар як лаҳзаи таҳсили худро самаранок истифода баранд, аз амалу кирдорҳои зишт ва таъсири ақидаҳои бегонапарастию ифротгароёна дўрӣ ҷуянд.
Дар ҷараёни вохўрӣ ва корҳои фаҳмонидадиҳӣ масъулин шиносномаҳои омадагардидаро ба 15 нафар хонандагони литсейи мазкур дар вазъияти тантанавӣ супориданд. Шинсномасупории ботантана бо иштироки хонандагони синфҳои болоии муассисаи таълимӣ баргузор гашт.
Ташкили чунин чорабиниҳои тантанавии шиносномасупорӣ ба хонандагон ба ҳукми анъана даромада, дар асоси нақша-чорабиниҳои ХШБ ВКД дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мунтазам гузаронида мешаванд.
Х. Солиҳӣ, полковники милитсия