Ба таври тантанавӣ супоридани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хонандагон

 

30-юми апрели соли 2025 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №72-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе чорабинии тантанавии супоридани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хонандагони ба синни 16 расида баргузор карда шуд.

Дар чорабинӣ муовини сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ полковники милитсия Раҷабмоҳ Раҳмонализода суханронӣ намуда, қайд кард, ки соҳиби шиноснома шудан – ин оғози зиндагии болиғ ва мустақилият мебошад, шиноснома ҳуҷҷатест, ки шахсияти ҳар як шаҳрвандро тасдиқ менамояд.

Ҳамзамон таъкид карда шуд, ки хонандагонро зарур аст, ки таҳсили худро бумаваффақ анҷом дода, касби хубро интихоб намоянд. Ҳар як фарди ҷомеаи имрўзаи мо аз Ватани хеш ифтихор намояд, қадри сулҳу амонӣ ва тинҷии мамалакатро донанд, аз хатару таҳдидҳои гурӯҳҳои ифротгарою моҷароҷў дурӣ ҷуянд, масъулиятшинос бошанд, дар байни ҳамсолони худ бо ахлоқи ҳамидаю дониши хубу аъло намунаи ибрат бошанд.

Дар ҷамъомад ҳамчунин сардори шуъба оид ба кори шиносномавии ХШБ подполковники милитсия Сурайё Шамсуддинзода ва нозири калони ХШБ ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ майори милитсия Султонзода Фирдавс Ҷамшед иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ташкилкунандагони чорабинӣ дар ин рўз ба беш аз 20 нафар хонандагони синфҳои болоӣ шиносномаи миллӣ супорида, ба онҳо дар ҳаёти мустақилонаашон муваффақияту комёбиҳои беназирро таманно намуданд.

Дар навбати худ, хонандагон аз ташкили чунин чорабинии тантанавӣ рӯҳбаланд шуда, иброз доштанд, ки сатҳи хонишу малакаю маҳорати худро сайқал дода, кӯшиши худро ба соҳибкасбу соҳибилм шудан равона месозанд.

Х. Солиҳӣ