
Кормандони хадамотҳои шиносномавию бақайдгирӣ тибқи дастури роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар доираи чорабиниҳои ба хонандагону хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба таври тантанавӣ супоридани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҷиҳати баланд бардоштани рўҳияи ватанпарастию инсондўстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллию давлатдорӣ, такмили донишу забономўзӣ, пешгирӣ аз амалу кирдорҳои ғайриқонунӣ, огаҳӣ доштан бо хавфу хатарҳои замони муосир ва амсоли ин корҳои тарғиботию ташвиқотӣ мебаранд.
Санаи 18 апрели соли 2025 аз ҷониби роҳбарияти Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ бо мусоидати ХШБ ШВКД-2 дар ноҳияи Рўдакӣ ва маъмурияти муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №35-и ноҳияи Рўдакӣ бо хонандагони синфҳои болоии мактаби мазкур вохўрии судманд гузаронида шуд.
Зимни баромадаш муовини сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ полковники милитсия Раҷабмоҳ Раҳмонализода қайд намуд, ки фарде, ки худро воқеан фарзанди содиқи ин сарзамин меҳисобад ва обу хоки диёрро азиз медонад, бояд садоқату самимияти хешро бо ҳунару истеъдод, дониш ва меҳнати софдилона нишон диҳад. Мо ҳар амали некро, ки ба шукронаи истиқлолияту озодӣ ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ анҷом медиҳем, барои худамон, фарзандонамон, наслҳои ояндамон, Ватани азизу маҳбубамон – Тоҷикистон мекунем, зеро ин Ватан ва ин давлат аз худи мост ва онро ба ҷойи мову шумо каси дигар обод намекунад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишварамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбати зикр карданд: «Наврасону ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерӯи бунёдкорона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд».
Дар охири суханрониаш баромадкунанда аз хонандагон даъват ба амал овард, ки дар ҳамбастагӣ дар пешгирии ҷинояткорӣ ва дигар кирдорҳои зиддиҷаъмиятӣ дастаҷаъмона мубориза бурда, дар партави сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои Муаззами миллат наврасону ҷавонони мо ҳамчун ояндасоз ва бунёдгузорӣ ҷомеаи навини Тоҷикистон гарданд.
Дар идомаи чорабинӣ аз ҷониби масъулини ба 25 нафар хонандагони хатмкунанда дар фазои тантанавӣ шиносномаи миллӣ супорида шуд.
Расми хотиравии дастаҷамъона дар саҳни бинои мактаб ба чорабинӣ ҳусни анҷом пазируфт.
Х. Солиҳӣ