24 Апрел, 2025

Пешгирии коррупсия вазифаи ҳар як фарди ҷомеа

 

Бо чунин шиор, рўзи 4-уми апрели соли 2025 дар Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ бо иштироки намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати шахсии дастгоҳи марказии Хадамот тибқи нақша дарси хизматӣ дар мавзӯи “Сабабу омилҳо ва шароитҳои содиршавии ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта” баргузор карда шуд.

Дар дарси хизматӣ сарнозири Раёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон капитани адлия Фаромарз Раҳмонзода дар мавзӯи зикршуда оид ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии самти муқовимат ба коррупсия баромад намуда, ба ҳайати шахсӣ мазмуну мафҳумҳои асосии баъзе аз муқаррароти қонунгузорӣ, хавфҳои коррупсионӣ, ҳуқуқвайронкуниҳои бо коррупсия алоқаманд ва дигар масоили марбут ба муборизаю муқовимат бар зидди коррупсия ибрози назар намуд.

Қайд карда шуд, ки масъалаи муқовимат ба коррупсия дар меҳвари сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, бартараф ва коҳиш додани шиддати коррупсияро дар ҳар баромаду мулоқотҳои худ қайд намуда, муқовимати дастаҷамъонаро бо ин падидаи номатлуб мунтазам таъкид менамоянд.

Дар партави ин сиёсати пешгирифта Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати муқовимат ба коррупсия мунтазам чораҳои мақсаднокро роҳандозӣ намуда, бо мақсади расидан ба ҳадафҳои дар ин самт пешгирифта то ба имрӯз се маротиба барномаи давлатии зиддикоррупсионӣ қабул карда шудааст, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021 қабули гардидани Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 давоми мантиқии ислоҳоти зиддикоррупсионӣ мебошад.

Намояндаи Агентӣ барои шарҳи бештари мафҳумҳои мавзўи ҷамъомад, аз таҷрибаи ҳамарўзаи фаъолияти корӣ мисолҳо оварда, оқибатҳои ногувори даст задан ба ин кирдори номатлубро баён намуд.

Чӣ тавре ба ҳамагон маълум аст, танҳо фаъолияти як мақомот дар паст намудани шиддати коррупсия кифоя набуда, зарур аст, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин роҳ бетараф набошанд. Яке аз роҳҳои асосии паст намудани шиддати коррупсия дар дилхоҳ давлату кишвар ҷаҳон маҳз ба роҳ мондани ҳамкории мутақобила байни ниҳодҳои давлатӣ ва ва ҷомеаи шаҳрвандӣ арзёбӣ мегардад.

Дарвоқеъ танҳо дар ҳолати муборизаи дастаҷамъона, ҳамоҳанг сохтани фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ ва ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ дар масоили муқовимат ба коррупсия мо метавонем шиддати ин падидани номатлубро дар мамлакат коҳиш дода, сазовори зиндагии арзанда гардем.

Дар фарҷоми дарси хизматӣ баромадкунанда ба саволҳои вобаста ба мавзӯи дарсии кормандон ҷавобҳои қонеъкунанда гардонд.

Х. Солиҳӣ