02 Апрел, 2025

Мусоидат барои дастрасии хонандагон ба шиноснома

 

Бо мақсади хизматрасонии босифат ба аҳолӣ ва сари вақт қонеъ кардани талаботи шаҳрвандон барои гирифтани ҳуҷҷати асосии тасдиқкунандаи шахсият ва шаҳрвандӣ – шиноснома, дар хадамотҳои шиносномавию бақайдгирии ВКД дар баробари фароҳам овардани шароити мусоиди хизматрасонӣ масъулин корҳои тарғиботиро пурзўр намуда, дар ин замина имрӯзҳо бо дастури роҳбарияти ВКД ва ташаббуси сардори ХШБ ВКД полковники милитсия Мирзозода Ҷоми Ҷамахон кормандони хадамот дар шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати қабули дастаҷамъонаи хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва баъди таҳияи шиноснома дар вазъияти тантанавӣ супоридани ҳуҷҷати асосӣ ба соҳиби он чорабиниҳои мақсаднок роҳандозӣ намуда истодаанд.

Намояндагони хадамотҳои шиносномавию бақайдгирӣ ба муассисаҳои таълимӣ ташриф оварда, бо хонандагони синфҳои болоӣ, ки ба синни 16 солагӣ расида,  бори аввал шиноснома мегиранд, дар вазъияти тантанавӣ шиносномаро ба соҳибаш супорида, суҳбати дастурӣ мегузаронанд.

Риояи қоидаҳои будубош ва истифодаи шиноснома, эҳтиром ва тарзи дурусти ҳифзи ҳуҷҷат аз мавзуҳое мобошанд, ки зимни суҳбат ба наврасон маълумот дода мешавад.

Ҳафтаи сипаригардида бо иштироки намояндагони ХШБ ВКД ва бахши он дар ШВКД-1 дар ноҳияи Сино дар Муассисаи давлатии таълимии Литсейи “Умари Хайём” маросими соҳиб шудани хонандагони муассисаи мазкур бо шиносномаи шаҳрвандӣ баргузор гардид. Хонандагони муассисаи таълимӣ санади асосиро, ки шахсияти шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ менамояд, дар вазъияти тантанавӣ ба даст гирифтанд. Чунин чорабинӣ аз ҷониби намояндагони ХШБ ВКД ва бахши он дар ШВКД-2 дар ноҳияи Сино низ дар Муассисаи таҳсилоти минёнаи умумии №82-и пойтахт доир карда шуд.

Инчунин, дар Муассисаи давлатии буҷетии таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон-Россия “Мактаби миёнаи умумӣ бо омўзиши амиқи фанҳои алоҳида дар шаҳри Турсунзода ба номи Менделеев” намояндагони ХШБ ВКД ва бахши он дар ШВКД шаҳри мазкур ба 40 нафар хонандагон шиносномаи шаҳрвандиро тақдим намуданд.

Натиҷаи чунин коргузорӣ аст, ки қисми зиёди хоанандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимӣ дар шаҳру ноҳияҳо аллакай соҳиби шиноснома гаштаанд.  Ва ҳамчун хонандагон ҳангоми ҳуҷҷатсупорӣ ба Маркази миллии тестӣ, ба мушкилӣ рӯ ба рӯ намешаванд.

Фаъолият дар ин самт идома дошта, дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо кормандони бахши шиносномавию бақайдгирӣ чунин иқдомро ба роҳ мондаанд.