
26 марти соли 2025 бо иштироки роҳбарият ва ҳайати шахсии Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ бахшида ба ҷашни байналмилалии «Наврӯз» чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Чорабиниро сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ полковники милитсия Мирзозода Ҷоми Ҷамахон оғоз бахшида, ҳайати шахсии Хадамотро ба муносибати ҷашни байналмилалии “Наврўз”, ҳамзамон иди Саиди Фитр табрик гуфта, ба ҳамагон тансиҳатию хонаободӣ, бахту саодат бурдборию мувафақиятҳо дар фаъолияти кориашон таманно намуд.
Қайд карда шуд, ки Наврўз аз кадимтарин ҷашнҳои ниёгонамон ба шумор рафта, таърихи якчанд ҳазорсола дорад. Дар тӯли садсолаҳо ин ҷашни зебои табиат дар миёни мардуми Машриқзамин бо суннатҳои ба худ хос ва шукӯҳу шаҳомати зиёд таҷлил мегардад.
Маҳз бо талошу кўшишҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо пешниҳоди кишварҳои Эрон, Афғонистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия ва Туркманистон Наврўз ҷашни ҷаҳонӣ эълон шуд, ки ин дастоварди хеле бузург ва арзишманд дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошад.
Санаи 18-уми феврали соли 2010 дар ҷаласаи 64-уми Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид, қарорномаи “Рӯзи ҷаҳонии Наврӯз” ба тасвиб расид ва дар он таъкид шудааст, ки ҳамасола дар тамоми ҷаҳон 21-уми март ҳамчун Рӯзи байналмилалии Наврӯз ҷашн гирифта мешавад.
Ҷашни Наврӯз рисолати ободкорӣ, корҳои созандагӣ ва дӯстию рафоқатро дорад. Тавре ки аз номи он бармеояд, Наврӯз – оғози рӯзи нав буда, дар аввали соли нави хуршедӣ ба истиқболи соли нав барпо мешавад.
Таманнои он карда шуд, ки Наврўзи оламафрўз ба сокинони Тоҷикистон саодату сарбаландӣ, хушбахтиву хушрӯзӣ ва орзуву умедҳои некро ато намуда, ба рӯзгори мардум ҳусну таровати тоза ва фаровонӣ мебахшад.
Дар идомаи чорабинӣ муовини сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ полковники милитсия Сафарзода Нурали Мирзошариф аз таърихи ҷашнгирии Наврўз аз замони пайдоиш то ба замони ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ мухтасар баромад намуд.
Зикр шуд, ки аз давраҳои бостонӣ мардуми ориётабор, махсусан форсиёну бохтариён ва суғдиёну хоразмиён ҷашну идҳое доштанд, ки онҳоро бо вижагиҳои хос таҷлил мекарданд. Таърихи аслии пайдоиши Наврӯз хеле куҳан аст. Дар замони Сомониён Наврӯз – иди баҳору навсозӣ ҳамчун ҷашни миллӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардид. Дар замони истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон Наврӯз шукӯҳу ҷилои тоза пайдо карда, дар давраи ҷаҳонишавӣ, он ба ҷашни байналмилалӣ табдил ёфт. «Мо бояд ифтихор кунем, ки чунин як ҷашни ниёгон то ба замони мо омада расида, анъанаи он идома меёбанд» – зикр намуд полковники милитсия Нурали Сафарзода.
Дар идомаи ҷамъомад як қатор кормандони дастгоҳи марказии Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ аз номи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва Хадамот ба муносибати ҷашни байналмиллии Наврўз ва иди Саиди Фитр барои хизматҳои арзанда бо мукофотпулӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Х.Солиҳӣ