
Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ШВКД дар шаҳри Бохтар дар якҷоягӣ бо Шуъбаи маориф ва илми шаҳр ва маъмурияти муассисаҳои таълимӣ тайи рўзҳои охир ба хонандагони муассисаи таълимии шаҳри Бохтар дар фазои тантанавӣ шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон супориданд.
Чи тавре, сардори ХШБ ШВКД дар шаҳри Бохтар подполковники милитсия Набизода Нурали Рафиқ иброз дошт, дар давоми як ҳафтаи охир ба зиёда аз 700 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Бохтар, аз ҷумла дар Литсейи №1 ва Литсейи «Ориёно» ва дигар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри мазкур шиноснома супорида, зимни вохўриҳо оид ба муносибати боэҳтиётона доштан бо шиноснома, риояи қонуну қоидаҳои амалкунанда, пешгирӣ аз хатарҳои замони муосир, шомилшавии ҷавонони ноогоҳ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, интихоби касбу кори шоиста ва мавзўҳои марбут ба ин корҳои фаҳмондадиҳию тарғиботӣ бурда шуд.
Кормандони хадамоти шиносномавию бақайдгирии мазкур тасмим доранд, чунин чорабиниҳои судмандро дар давоми сол идома диҳанд.
Х. Солиҳӣ