
Имрўз, роҳбарият ва ҳайати шахсии Хадамоти шиносномавию бақайдигирӣ дар чорабинии «шанбегӣ», ки бо ибтикори роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ дар доираи Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 роҳандозӣ гардида буд, фаъолона ширкат варзиданд.
Аз ҷониби Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ дар заминҳои ҳудуди қисми ҳарбии 3502 Раёсати қўшунҳои дохилии вазорат, дар ин ҳашари дастаҷамъона беш аз 450 бех ниҳоли ҳамешасабзи арча шинонида шуда, бехи дарахтони зиёди шинонидашуда нарм карда шуданд.
Воқеан, зимни маъракаи ниҳолшинонӣ, ки кормандони воҳидҳои зиёди мақомоти корҳои дохилӣ ҷалб гардида буданд, дар ободонию сарсабзу хуррам гаштани як гўшаи диёрамон саҳми арзандаи худро гузоштанд.