Тақдими шиноснома ба хонандагони МТМУ №6 шаҳри Истиқлол

 

Дар раванди таъмин намудани хонандагони мактаб бо шиноснома масъулини ХШБ ШВКД дар шаҳри Истиқлол  ташаббускорӣ нишон дода дар ҳамкорӣ бо роҳбарияти муассисаҳои таълимӣ дар баробари корҳои фаҳмонидадиҳӣ хонадагонро сарвақт соҳибшиноснома мегардонанд. Ин аст, ки дар тамоми мактабҳои ин шаҳри саноатӣ хонандагон огаҳӣ доранд, ки бо расидан ба синни 16 солагӣ шаҳрванд бояд шиноснома дошта бошад.

Чорабинии навбатии супоридани шиноснома ба хонандагон дар МТМУ №6 баргузор гашт. Дар ҷараёни мулоқот ва корҳои фаҳмонидадиҳӣ масъулин шиносномаҳои омадагардидаро ба 12 нафар хонандагони МТМУ №6 шаҳри Истиқлол дастрас намуда, дар вазъияти тантанавӣ ба соҳибонаш супориданд. Шиносномасупории ботантана бо иштироки хонандагони синфҳои болоии муассисаи таълимӣ баргузор гашт.

Ёдрас менамоем, ки ташкили чорабиниҳои тантанавии шиносномасупорӣ ба хонандагон, талаботи муқарарнамудаи роҳбарияти ХШБ ВКД мебошад, ки аз ҷониби муассисаҳои таълимӣ ва волидони хонандагон тарафдорӣ пайдо намуда, тайи чор соли охир ба нақшаи кории хадамоти шиносномавӣ ворид шудааст.

Акбар Шарифӣ, подполковники милитсия