
Имрӯз, дар Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ба муносибати ҷашни «Рӯзи Модар» ва гиромидошти мақому манзалати бонувону модарон чорабинии идона баргузор гардид. Дар он роҳбарият, ҳайати шахсӣ ва ҳамаи кормандзаноне, ки дар дастгоҳи марказии Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ кору фаъолият менамоянд, иштирок намуданд.
Чорабинии идонаро сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ полковники милитсия Мирзозода Ҷомӣ Ҷамахон ифтитоҳ бахшида, тамоми кормандзанони хадамотро ба муносибати ҷашни «Рўзи Модар», ки дар рӯзҳои нахустини баҳорӣ ва эҳёи табиат таҷлил мегардад, табрик намуда, ба ҳар яки онҳо муваффақияту бурдборӣ ва дар иҷрои вазифаҳои хизматиашон пешравиҳои нав ба навро таманно намуд.
Номбурда, инчунин аз мақому манзалати зан-модар, нақши арзандаи ӯ дар тарбияи насли наврас сухан гуфта, таъкид намуд, ки дар сафи Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ шумораи зиёди занон низ кору фаъолият дошта, дар баробари мардон баҳри таъмини шиноснома ва дигар хизматрасониҳои соҳа ба шаҳрвандон, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ кору фаъолият намуда, аз иҷрои масъулиятҳои бардушашон вогузоргардида бо сарбаландӣ мебароянд.
Дар идомаи чорабинии тантанавӣ дигар кормандони хадамот низ кормандзанонро табрик гуфта, таманниёти нек намуданд. Зикр карда шуд, ки эҳтирому арҷгузорӣ ва шинохти қадру манзалати Модар вазифаи инсонии ҳар як фарди худогоҳ буда, маҳз ҷозибаи ҷонбахши Модар, меҳру самимияти гарм ва ғамхории пайвастаи модарон ва хоҳарони мо зиндагиро нуру зиёи хоса мебахшад.
Дар чорабинии тантанавӣ барои натиҷаҳои назаррас, хизматҳои содиқона ва саҳмгузорӣ дар пешрафти коргоҳ 11 нафар корманд-занони хадамот аз номи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ бо медалу нишонҳои сарисинагӣ, раҳматномаву Сипоснома мукофотонида шуда, ҳамзамон тамоми кормандзанон бахшида ба ҷашни «Рўзи модар» бо туҳфаҳои хотиравӣ ва маблағи пулӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Мукофоту туҳфаҳоро ба корманд-занон роҳбарияти Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ супорид.
Расми хотиравӣ чорабинии идонаро ҳусни анҷом пазируфт.
Х.Солиҳӣ,
Т.Латипов