
Имрўзҳо масъулини Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилӣ таваҷҷўҳи асосиро ҷиҳати сари вақт ва дар муҳлатҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ таъмин намудани хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ба синни 16 расида равона намуда, дар баробари бурдани корҳои таблиғотӣ-фаҳмондадиҳӣ чорабиниҳои ба таври тантанавӣ супоридани шиноснома мегузаронанд.
Дар чорабинии навбатии тантанавӣ, ки дар муссисаи таҳсилоти миёнаи умумии №71-и шаҳри Ваҳдат доир карда шуд, роҳбарияти Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ, кормандони масъули хадамоти шиносномавию бақайдгирии ХШБ ШВКД дар шаҳри Ваҳдат ва омӯзгорону хонандагони ин муассисаи таҳсилотӣ иштирок карданд.
Пас аз сухани ифтитоҳии муовини сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ полковники милитсия Раҷабмоҳ Раҳмонализода, сардори ХШБ ШВКД дар шаҳри Ваҳдат капитани милитсия Раҷабмурод Сафаров маърўза намуд.
Номбурдагон доир ба қонунгузории низоми шиносномавию бақайдгирӣ маълумот дода, дар баробари интихоби касби оянда, тарзи ҳаёти солим, эҳтиёткорона истифодабарии шиносномаро ҳамчун ҳуҷҷати асосии тасдиқкунандаи шахсият дар муносибатҳои ҷамъиятӣ баён доштанд.
Дар ҷараёни чорабинӣ ба 15 нафар хатмкунандагони ин боргоҳи дониш дар фазои тантанавӣ шиноснома супорида шуданд.
Расми хотиравӣ дар саҳни бинои мактаб ба чорабинӣ ҳусни анҷом бахшид.
Х.Солиҳӣ