Чорабинии тантанавии шиносномасупорӣ дар муассисаи таҳсилотии ноҳияи Варзоб

 

Дар асоси дастуру супоришҳои роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихор аз миллату давлатдорӣ, пешгирӣ аз амалу кирдорҳои номатлуб, ҳидоят намудани насли наврасу ҷавон ба роҳи дурусти зиндагӣ Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мунтазам чорабиниҳои ба таври тантанавӣ супоридани   ҳуҷҷати асосии мансубияти шаҳрвандӣ – шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор менамоянд.

Чорабинии навбатӣ дар Гимназияи №1-и деҳаи Чорбоғи ноҳияи Варзоб доир карда шуд. Дар ҷамъомади мазкур муовини сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ полковники милитсия Раҷабмоҳ Раҳмонализода, сардори шуъба оид ба кори шиносномавии ХШБ подполковники милитсия Сурайё Шамсуддинзода, директори гимназия Одилҷон Шарипов, нозири калон оид ба кори шиносномавии ХШБ ШВКД дар ноҳияи Варзоб майори милитсия Беҳрӯз Саидзода ва омӯзгорону хонандагони ин муассисаи таҳсилотӣ иштирок намуданд.

Пас аз сухани ифтитоҳии роҳбарияти хадамот ва гимназия нозири калон оид ба кори шиносномавии ХШБ ШВКД дар ноҳияи Варзоб майори милитсия Беҳрӯз Саидзода баромад намуд.

Номбурда дар баромади хеш қайд намуд, ки имрӯз дар ҳаёти хонандагоне, ки соҳиби шиноснома мегарданд, рӯзи муҳим ҳисоб меёбад, зеро онҳо шаҳрванди баробарҳуқуқи кишварамон гашта, қадамҳои аввалини худро ба зиндагии мустақилона мегузоранд.

Ҳамакнун, тамоми дарҳои зиндагии оянда кушода мешаванд ва ҷавонон имконият пайдо мекунанд, ки донишу малакаи тӯли солҳои хониш андӯхтаи худро самаранок истифода баранд.

Ҳаёти минбаъдаи ҷавонон аз интихоби дурусти касбу зиндагӣ вобастагии калон дошта, ояндаи некро маҳз худи онҳо бунёд карда метавонанд.

Дар идомаи чорабинӣ, роҳбарияти хадамот аз вазъи имрӯзаи дунё, хавфу хатарҳои ба ҷомеа, бахусус ба насли ҷавон таҳдидкунанда, аз ҷумла нашъмандӣ, шомил шудани бархе аз ҷавонони ноогоҳ ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ, хурофотпарастию бегонапарастӣ, мубтало гаштан ба бемориҳои вирусӣ ва ғайра ибрози назар карда, аз хонандагон ва ҳамсолони онҳо даъват ба амал оварданд, ки аз ҳар вақта бештар ҳушёру зирак бошанд, ба доми хурофотпарастону моҷароҷӯён наафтанд, фирефтаи гурӯҳҳои ҷиноятпеша нагарданд.

Ҳамзамон, хонандагонро ҳидоят намуданд, ки ҳуҷҷатҳои худро ба Маркази тестӣ сари вақт супорида, бо омодагии ҳамаҷониба ба донишкадаю донишгоҳҳои олии пешрафтаи ҷумҳурӣ дохил шаванд.

Бояд қайд намуд, ки дар чорабинӣ 16 нафар хонандагони фаъоли гимназия, ки ба синни 16 расидааанд, соҳиби шиноснома гардиданд. Шиносномаҳоро дар фазои тантанавӣ роҳбарияти Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ супориданд.

Расми хотиравӣ дар саҳни бинои гимназия чорабиниро ҳусни анҷом пазируфт.

Х.Солиҳӣ