Санаи 4-уми феврали соли 2025 сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ полковники милитсия Мирзозода Ҷомӣ Ҷамахон бо дигар кормандони масъули хадамот ба минтақаи Рашт сафар намуда, аз фаъолияти хизматӣ ва шароитҳои кории хадамотҳои шиносномавию бақайдгирии РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт, ШВКД дар ноҳияҳои Лахш, Тоҷикобод, Нуробод, оид ба хизматрасонии ҷамоати деҳоти Навобод, инчунин зимни бозгашт аз хадамоти шиносномавию бақайдгирии ШВКД дар шаҳри Роғун шиносоӣ пайдо намуданд.
Зимни боздид ба тартиб ва шароити қабули шаҳрвандон, гӯшаҳои иттилоотӣ, аз ҷумла нархномаҳои хизматрасонӣ, курсиҳои нишаст, таъмин бо оби нӯшокӣ, таҷҳизоти гармкунандаю сардкунандаи ҳаво (кондитсионерҳо), тозагии ҳуҷраҳои корӣ ва гирду атроф таваҷҷўҳ зоҳир карда шуд.
Ҳамчунин, маълум карда шуд, ки дар ин воҳидҳои поёнии ХШБ кори ҳуҷҷатгузорӣ дуруст ба роҳ монда шуда, маводҳое, ки муҳлати нигоҳдориашон ба итмом расидааст, инчунин шиносномаҳои беэътибор сари вақт несту нобуд карда шуда, санади дахлдор тартиб дода мешавад. Пешбурди китобҳо оиди ба хизматрасониҳои соҳа ва парвандаҳо тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти соҳа ба роҳ монда шуда, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷузъии ошкоршуда дастури иловагӣ дода шуд.
Ҳангоми вохўрӣ бо кормандони масъули хадамотҳои шиносномавию бақайдгирӣ доир ба хушмуомилагӣ бо шаҳрвандон, роҳ надодан ба амалу кирдорҳои коррупсионӣ, сохтакории ҳуҷҷатҳо, суиистифода аз ваколатҳои мансабӣ, сари вақт ва бекашолакорӣ баррасӣ намудани мушкилоти шаҳрвандон вобаста ба таъмин бо шиносномаҳо, бақайдгирӣ, азқайдбарорӣ, аз байн бурдани дахолати шахсони миёнарав корҳои фаҳмондадиҳию иттилоотӣ гузаронида шуд.
Ҳамчунин, ба масъулини хадамотҳои шиносномавию бақайдгирӣ дастур дода шуд, ки ҷиҳати таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” таҳти №586, аз 22 июни соли 2023, яъне гузаштан ба пардохти ғайринақдии хизматрасониҳои давлатӣ тамоми тадбирҳои зарурии саривақтӣ андешида шавад.
Кормандон таъкид карда шуданд, ки ҳушёру зиракиро аз даст надода, баҳри иҷрои вазифаҳои хизматӣ ҳамеша омода бошанд. Қайд карда шуд, ки ҳар як корманд бояд пеш аз ҳама ба риояи интизоми хизматӣ ва қонуният, пӯшидани сару либоси низомӣ эътибори ҷиддӣ дода, ба иҷрои уҳдадориҳои вазифаҳои худ муносибати бовиҷдонона дошта бошанд.
Х. Солиҳӣ