05 Феврал, 2025

Дастовардҳои варзишии дарвозабони моҳир

 

Нозири шуъба оид ба кори шиносномавии Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ подполковники милитсия Раҳимов Умаралӣ Бомуродович солиёни зиёд дар мақомоти корҳои дохилӣ ва хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ фаъолият дошта, бо кордонию хоксорӣ, хушмуомилагию меҳнатдўстиаш дар байни коллективи ҳамкорон соҳиби обрўю эҳтироми хоса мебошад.

Дар баробари натиҷаи хуби кориаш Умаралӣ Раҳимов ба варзиш шуғли беандоза дошта, маҳорати дарвозабониаш ба ў шуҳрат овардааст.

Аз оғози фаъолияти варзишиаш Умаралӣ Раҳимов дар ҳайати дастаи “Динамо”-и Вазорати корҳои дохилӣ ва дертар дар ҳайати собиқадорони ин дастаи номдори ҷумҳурӣ ҳамчун дарвозабон ширкат мекунад. Бояд зикр намуд, ки  солҳои охир дар байни намудҳои варзиш “футболи хурд” маҳбубият пайдо мекунад.

Тайи солҳои фаъолияташ дар ҳайати дастаи “Динамо”, даста дар чемпионат ва мусобиқаҳои футбол ва футболи хурди сатҳи байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ, шаҳрӣ, мусобиқаҳои байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва ташкилоти идораҳои давлатию ғайридавлатӣ, мусобиқаҳои рафиқона иштироки фаъолона дошта, соҳиби Ҷом, маблағҳои пулӣ, медалу ифтихорномаҳои фахрӣ ва дигар ҷоизаҳои варзишӣ гардидааст. Худи Умаралӣ, дар баробари ба даст овардани медалу ифтихорномаҳо дар ҳайати даста, маротибаҳои зиёд барандаи ҷоизаҳаи “Дарвозабони беҳтарин”-и чорабиниҳои варзишӣ гардидааст. Номбурда, танҳо дар давоми соли 2024 ба гирифтани беш аз 6 мукофоти арзишманди варзиши футболи хурд мушарраф гардидааст.

Аз ҷумла, дастаи “Динамо”-и Вазорати корҳои дохилӣ дар мусобиқаи анъанавӣ оид ба футболи хурд барои дарёфти “Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ” таҳти шиори “Варзиш бар зиддӣ нашъамандӣ” байни мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, соҳторҳои қудратӣ ва дигар корхонаву идораҳои давлатӣ, ки аз 6-уми феврал то 8 марти соли 2024 баргузор гардид, дар байни 12 дастаи собиқадорон мақоми сеюми мусобиқаро ба даст овард.

Дар мусобиқаи футболи хурд байни вазорату идараҳо, ташкилоту муасиссаҳои давлатӣ барои дарёфти “Ҷоми Рахш-такси”, ки рўзҳои аз 5-ум то 20 майи соли 2024 дар толори “Кохи Олимп”-и шаҳри Душанбе доир гардид, дар байни 24 даста ба гирифтани ҷои дуюм ноил гардид.

Ҳамчунин, дар мусобиқаи футболи хурд байни вазорату идараҳо, ташкилоту муасиссаҳои давлатӣ барои дарёфти “Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе”, ки рўзҳои аз 18-уми август то 6-уми сентябри соли 2024 дар майдончаҳои варзишии варзишгоҳи “Фурунзе”-и шаҳри Душанбе баргузор гашт, сазовори ҷои дуюм гардида, дар ин мусобиқа Умаралӣ Раҳимов “Дарвозабони беҳтарин”-и мусобиқа дониста шуд.

Дар мусобиқаи байналмиллалӣ байни дастаҳои сохторҳои қудратӣ аз 4-сола боло, ба хотираи футболбози машҳур Лев Яшин, ки рўзҳои 11-ум то 18-уми сентябри соли 2024 дар шаҳри Перми Федератсия Россия аз ҷониби Хадамоти федералии иҷроияи ҷазои ҷиноятии Федератсияи Россия баргузор карда шуд, бо дипломи байналмиллаии “Дарвозабони беҳтарин” сарфароз гардонида шуд.  Дар мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти “Ҷоми ФОРМУЛА-55” ба номи А.Кирсанов, ки аз 18-уми декабри соли 2024 то 19-уми январи соли 2025 идома дошт, бо Ифтихорномаи фахрӣ ва медали биринҷӣ мукофотонида шудааст.

Ҳамин тариқ, аз натиҷаи фаъолияти варзишӣ дар соли 2024 Умаралӣ Раҳимов дар номинатсияи варзишгарони беҳтарини Вазорати корҳои дохилӣ  “Беҳтарин варзишгари сол” дониста шуда, санаи 30-юми декабри соли 2024 аз ҷониби роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ бо “Сипоснома” ва туҳфаи хотиравӣ қадрдонӣ карда шуд.

Боварӣ дорем, ки корманди Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ, подполковники милитсия Умаралӣ Раҳимов минбаъд низ дар чорабиниҳои варзишии сатҳи байналмилалию ҷумҳуриявӣ аз намуди футбол ширкати фаъолона намуда, ба дастовардҳои боз ҳам баландтар ноил мегардад.

Х. Солиҳӣ