17 Январ, 2025

Таҷлили ҷашни касбии “Рўзи кормандони Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ”

 

27-уми декабр – Рӯзи ҷорӣ гардидани низоми ягонаи шиноснома ҳамчун иди касбии кормандони Хадамот шиносномавию бақайдгирӣ ҳисоб меёбад. Бахшида ба ин ҷашни касбӣ  дар Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ  бо иштироки роҳбарият, сардорони шуъбаву бахшҳо ва ҳайати шахсии Дастгоҳи марказии хадамот, хадамотҳои шиносномавию баќайдгирии ноҳияҳои шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурї, инчунин собиқадорони соҳа чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Ҷамъомад бо садо додани Суруди миллӣ  оғоз ёфт.

Сипас, сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ  полковники милитсия Мирзозода Ҷомӣ  Ҷамахон баромад намуда, аввалан аз номи худ тамоми кормандони хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ, собиқадорон ва дар шахсияти онҳо кулли он нафаронеро, ки солҳои зиёд дар пешрафти соҳа содиқонаю софдилона хизмат намуданд, бо ҷашни касбии “Рўзи кормандони Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ” ва “Соли нави 2025” самимона табрик гуфта, ба онҳо тансиҳативу умри дарози бобаракат, комёбию муваффақиятҳои беназирро таманно намуд.

Номбурда зимни баромади хеш мухтасар аз таърихи таъсисёбии низоми шиносномавӣ, марҳилаҳои рушди он, пешравиву дастовардҳои самтҳои фаъолият ёдовар гардида, қайд намуд, ки Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ дар давоми соли 2024 ба як қатор натиҷаҳои назаррас ноил гардида тавонист. Аз ҷумла, дар самти гузаштан ба низоми пардохти ғайринақдӣ  ва рақамикунонии соҳа хеле корҳои муайяне анҷом дода шуданд. Шароитҳои кории воҳидҳои зиёди ниҳод боз ҳам беҳтар карда шуда, чор нуқтаи нав бо биною шароити нав бунёд гардиданд.

Дар идомаи чорабинӣ собиқадорони соҳа Зумрад Абдуллозода ва Хайрулло Каримов аз солҳои фаъолияти якҷоя ёдовар шуда, аз кормандони ҷавон даъват ба амал оварданд, ки ҳамеша баҳри рушду пешрафти касби интихобнамудаашон кўшиш намоянд, бо муносибату муомилаи хуб сазовори эҳтирому эътимоди шаҳрвандон гарданд. Бо меҳнати софдилонаи худ дар тинҷиву оромӣ  ва ободию пешрафти Ватан саҳмгузор бошанд.

Дар идомаи чорабинии идона кормандони ҷавони Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ Ширинбахт Эшпулотзода, Шамида Халифазода ва Нилуфар Асламшозода бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ  ва англисӣ  бахшида ба ҷашни касбӣ  ва Соли нави мелодӣ  суханронӣ  намуда, таманниёти худро расониданд.

Дар идомаи чорабинии тантанавӣ сардори хадамот полковники милитсия Мирзозода Ҷомӣ  Ҷамахон ба кормандоне, ки бо Фармоиши Вазорати корҳои дохилӣ барои хизматҳои содиқонаву софдилона, иштироки фаъол доштанашон дар чорабиниҳои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ  ва дар самти фаъолияти соҳа ба натиҷаҳои баланди хизматӣ ноил шудан бо медалҳои “Хизматҳои шоён” дараҷаҳои 1,2,3, “Садоқат”, “Милитсияи Тоҷикистон”, нишонҳои сарисинагии “Барои хизматҳои аъло дар ВКД”, “30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Аълочии милитсия” ва Ифтихорномаи фахрӣ  қадрдонӣ гардидаанд, мукофотҳоро тақдим намуд.

Расми хотиравӣ  ба чорабинӣ  ҳусни анҷом пазируфт.

Х.Солиҳӣ

Т.Латипов