27 Декабрь, 2024

Чорабиниҳо вобаста ба низоми шиносномадорӣ дар доираи “Соли маърифати ҳуқуқӣ”

Бо дастури роҳбарияти Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Раёсати ВКД дар вилояти Суғд ҷиҳати саривақт таъмин намудани наврасони ба синни 16 сола расида бо шиноснома, масъулини хадамотҳои минтақавӣ дар 18 шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд корҳои тарғиботӣ дар мактабҳоро оғоз намуданд. Ҳадаф таъмини саривақтии аҳолӣ бо шиноснома ва дар муносибатҳои ҷамъиятӣ дучор нашудани шаҳрвандон ба мушкилӣ мебошад. Дар баробари бурдани корҳои фаҳмонидадиҳӣ ташкили чорабиниҳои ботантанаи шиносномасупорӣ ба хонандагон низ омили мусоидаткунанда ба таъмини нақшаи пешбинишуда мебошад.

 

Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ин иқдом характери сартосарӣ гирифта масъулини хадомотҳои шиносномавию бакайдгирӣ чунин маъракаҳои руҳбаландкунандаро доир карда истодаанд. Масалан дар соли хониши 2024-2025 кормандони ХШБ ШВКД дар ноҳияи Мастчоҳ 35 маротиба вохӯриҳои тарғиботӣ бо ханандагон гузаронида дар 3 муассисаи таълимӣ чорабинии шиносномасупории тантанавӣ баргузор карданд.

Ҳафтаи равон хонандагони синфҳои болоии МТМУ №29 ҷамоати деҳоти Мастчоҳи ноҳияи Мастчоҳ низ аз ҳамингуна таваҷҷуҳи масъулини ХШБ бархурдор шуданд. Дар ҷараёни чорабинии ботантанаи шиносномасупорӣ 12 нафар хонанда ҳуҷҷати асосии тасдиқкунандаи шахсиятро ба даст гирифтанд, ки марҳилаи ибтидоӣ ба ҳаёти мустақилона мебошад.

Дар Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ШВКД дар шаҳри Хуҷанд низ дар баробари таъмини шароитҳои хизматрасонӣ бурдани корҳои ташвиқотӣ ва ташкили чорабиниҳои ботантанаи шиносномасупорӣ самти фаъолияти нақшавӣ мебошад. Дар соли равон, ки «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гаштааст ба корҳои фаҳмонидадиҳӣ ва чорабиниҳои маърифатӣ таваҷҷуҳ карда шуда масъулин кӯшиш доранд аҳолии ҳудуди минтақаи хизматӣ, аз ҷумла наврасони  ба синни 16 солаги расидаро бо шиносномаи миллии шаҳрвандӣ саривақт таъмин намоянд.

То санаи 10 декабр роҳбарият ва намояндагони ХШБ ШВКД дар шаҳри Хуҷанд дар 50 МТМУ маркази маъмурии вилояти Суғд вохӯриҳои маърифатӣ гузаронида оид ба раванди низоми шиносномадорӣ хонандагонро воқиф сохтаанд.

Ҳангоми суҳбату вохӯриҳо вобаста ба ҳуҷҷати асосии тасдиқкунандаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хонандагон маълумот дода шуда таъкид гардид, ки дар муносибатҳои ҷамъиятӣ шиноснома ҳамчун ҳуҷҷат мавқеъи калидӣ дорад ва ҳангоми истифодабарӣ бояд оқилона истифода шавад. Зеро дар шиноснома мансубияти шахс ба шаҳрвандии давлат дарҷ гардида дорандааш набояд ба манфиатҳои давлат доғ биоварад.

Ҷараёни ҷамъоварии ҳуҷҷату маълумотномаҳо барои гирифтани шиноснома, муҳлати истифодабарӣ, хизматрасониҳои ХШБ, тозаю озода нигоҳ доштан ва дурусту ба маврид истофада кардани шиноснома дар мулоқот бо хонандагон мунтазам матраҳ мегардад.

Дар баробарии баррасии саривақтии муроҷиати сокинон ва иҷрои уҳдадориҳои хизматӣ барои масъулини хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ таквият додани чорабиниҳои маърифатӣ дар мактабҳо имкон фароҳам меорад, ки насли наврас оиди низоми шиносномавию бақайдгирӣ маълумоти зарурӣ дошта бошад.

Акбар Шарифӣ подполковники милитсия