27 Декабрь, 2024

ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВИИ ШИНОСНОМАСУПОРӢ БА ХОНАНДАГОН ДАР ШАҲРИ БӮСТОН

Таъмини шароити созгор барои хизматрасонӣ ба аҳолӣ ва иҷрои рисолати касбӣ дар ҳадди шоиста аз ҷониби кормандони ХШБ дар шаҳри Бӯстон имконият медиҳад, ки дар шаҳри мазкур аҳолӣ барои дастрас намудани шиносномаи шаҳрвандӣ мушкил надошта бошанд. Омили дигари саривақт соҳибшиноснома гаштани шаҳрвандонро ҳамчунин метавон ба баргузории чорабиниҳои тарғиботӣ ва ташкили чорабиниҳои тантанавии шиносномасупорӣ дар мактабҳо нисбат дод. Зеро дар заминаи вохӯрию мулоқотҳо агар хонандагон аз раванди қонунгузорӣ вобаста ба шиноснома воқиф шуда ба қонуншиканиҳо роҳ надиҳанд, ташкили фазои тантанавӣ, табрикот аз ҷониби масъулини МКД ва ҳайати омӯзгорон ҳавасмандии хонандагоро барои дар муҳлати муқарраршуда, яъне ба синни 16 солагӣ расидан замон ба шиносномагирӣ ҳавасманд менамояд.

ХШБ ШВКД дар ш. Бӯстон дар ҳамкорӣ бо шуъбаи маорифи шаҳр дар ин самт корбарӣ намуда талаботи қонунгузориро таъмин намуда истодаанд. Ҳамин аст, ки дар 12 мактаби дар ҳудуди шаҳри Бӯстон ҷойгир буда,  хонандагон огаҳӣ доранд, ки бо расидан ба синни 16 солагӣ шаҳрванд бояд шиноснома дошта бошад. Иқдоми дигари огоҳисозанда, ки аз тарафи хадамот ташкил карда шудааст, таҳияи овеза бо номгӯи ҳуҷҷатҳо барои бори аввал гирифтани шиноснома мебошад, ки дар ҳама мактабҳои шаҳр насб карда шудааст.
Чорабинии навбатии шиносномасупории тантанивиро масъулини ХШБ дар якҷоягӣ бо шуъбаи маорифи шаҳри Бӯстон дар МТМУ №4 доир намуданд, ки бо иштироки хонандагон аз 6 мактаб баргузор гашт.

Дар оғоз ҷиҳати муълумотрасонӣ ба хонандагон дар хусуси ҳуҷҷати асосии тасдиқкуннадаи шахсият ва шаҳрвандӣ сардори  хадамоти шиносномадиҳӣ дар шаҳри Бӯстон майори милитсия Азизахон Ҷабборзода баромад намуд. Дар маърӯза ҷараёни ҷамъоварии ҳуҷҷат барои гирифтани шиноснома ва дигар маълумотҳо вобаста ба низоми шиносномадорӣ таъкид рафт. Дар ин ҷамъомад 11 нафар наврас шиносномаи худро дар вазъияти тантанавӣ ба даст оварда таманниёти табрикотӣ барои расидан ба давраи камолот шуниданд.

Саривақт, яъне бо расидан ба синни 16 солагӣ гирифтани шиноснома имконият медиҳад, ки шахс пеш аз ҳама ба қонуншиканӣ роҳ надиҳад. Паҳлӯи дигари масъалаи мазкур дар он аст, ки кашолкорӣ раванди ба расмиятдарории шиносномагириро мушкилтар месозад. Маҳз ба ҳамин хотир масъулини ХШБ ШВКД дар шаҳри Бӯстон гузаронидани чорабиниҳои тарғиботиро зарур шуморида дар ин самт корбарӣ менамоянд.


Акбар Шарифӣ, подполковники милитсия