Кормандони Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ШВКД дар шаҳри Хуҷанд дар баробари хизматрасонӣ ба шаҳрвандоне, ки ба хадамоти мазкур муроҷиат мекунанд, дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои таълимӣ дар байни хонандагон корҳои фаҳмонидадиҳӣ барои саривақт гирифтани шиноснома гузаронида, бо ташкили чорабиниҳои тантанавии шиносномасупорӣ ҳавасмандии хонандагонро барои гирифтани шиноснома бештар менамоянд.
Тавре сардори ХШБ ШВКД дар шаҳри Хуҷанд майори милитсия Муҳаммадхон Ҷаҳонгирзода таъкид дошт, дар соли равон, ки “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон гаштааст ба ингуна чорабиниҳои характери тарғиботӣ дошта таваҷҷуҳ бештар аст.
Вохӯриҳои тарғиботии хислати маълумотрасонӣ дошта агар наврасонро бо раванди ба расмиятдарории шиноснома шинос намояд, ташкили ҷамъомадҳои тантанавии шиносномасупорӣ хонандагонро барои саривақт ба шиносномагирӣ ҳавасманд мегардонад.
Рӯзи 10 декабр дар Гимназияи №1 шаҳри Хуҷанд ҳамин гуна як мулоқоти фаҳмонидадиҳӣ бо ханандагон ва тантанавор соҳиби шиноснома гардидани 11 нафар хонандаи муассисаи таълимии мазкур баргузор гашт.
Чорабинӣ бо иштироки хонандагони синфҳои болоӣ ва суханронии намояндагони Хадамоти шиносномавию бақайдгирии мақомоти корҳои дохилӣ баргузор гардид. Пеш аз супоридани шиноснома сардори ХШБ ШВКД дар шаҳри Хуҷанд майори милитсия Муҳаммадхон Ҷаҳонгирзода муқаррароти қонунгузорӣ дар самти шиносномадориро ба хонандагон фаҳмонид. Дар идома хонандагон дар вазъияти тантанавӣ шиносномаи худро дар ҳузури ҳамсолонашон ба даст гирифтанд.
Тавре маърӯзачиён таъкид намуданд дар 52 МТМУ шаҳри Хуҷанд хонандагон огаҳӣ доранд, ки бо расидан ба синни 16 солагӣ шаҳрванд бояд шиноснома дошта бошад. Ин маълумотноки натиҷаи чорабиниҳои маърифатии хадамот дар муассисаҳои таълимӣ аст, ки дар синну соли мактабӣ талаботи шиносномадориро ба хонандагон меомӯзонанд.
Дар хотима муовини сардори ХШБ Раёсати ВКД дар вилояти Суғд подполковники милитсия Иномҷон Ваҳобзода вобаста ба тоза нигоҳ доштани шиноснома, истифодаи дурусти он ва дар ҳолатҳои гум шудан тартиби аз нав барқарор кардани онро ба хонандагон фаҳмонид.
Ба роҳ мондани ҳамкории муассисаи таълимӣ бо ХШБ ШВКД дар шаҳри Хуҷанд дар самти соҳиби шиноснома гардонидани хонандагони ба синни шиносномагирӣ расида даъвати масъулин аз роҳбарияти Гимназия буд.
Акбар Шарифӣ, подполковники милитсия