17 Январ, 2025

Шиносномасупории ботантана ба хонандагон дар шаҳри Гулистон

Кормандони ХШБ ШВКД дар шаҳри Гулистон баҳри таъмини иҷроиши дастуру супоришҳои роҳбарияти ВКД дар самти таъмини шаҳрвандон бо шиноснома фаъолияти хизматиро ба роҳ монда дар давраи сипаригаштаи соли 2024 ба 2 608 нафар шиноснома доданд. Аз ин теъдод 828 нафар онҳое ҳастанд, ки бори аввал шиносномаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифтаанд. Ҷузъи таъсирбахш ва мусоидаткунанда барои иҷрои вазифаҳои хизматӣ, бурдани корҳои фаҳмонидадиҳӣ дар мактабҳо ва ташкили чорабиниҳои ботантанаи шиносномасупорӣ ба хонандагон мебошад. Чунин анъанаи коргузорӣ имкон медиҳад, ки хонандагон дар синни наврасӣ вобаста ба низоми шиносномадорӣ маълумот гиранд ва талаботҳои қонунгузориро, ки ҳангоми расидан ба синни 16 солагӣ шиноснома доштани шахсро муқаррар кардааст риоя намоянд.

Ҷамъомади тантанавии навбатии шиносномасупориро ҳайати шахсии хадамоти мазкур дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон бо хонандагони 4 муассисаҳои таълимӣ – Гимназияи №1, мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии №1, №14 ва №8 шаҳри Гулистон баргузор намуданд. Дар оғоз сардори бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Гулистон дар мавзӯи тарбияи ватандӯстӣ, пос доштани муқаддасоти миллӣ, расидан ба қадри осоиштагӣ ва иштироки ҷавонон дар пешрафту тараққиёти ҷомеа ҳарф зад.
Сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии шуъбаи ВКД дар шаҳри Гулистон майори милитсия Сулаймон Тағоймуродзода маълумоти заруриро оид ба  қоидаҳои шиносномадорӣ ба ҳозирин расонида, таваҷҷуҳи хонандагонро барои саривақт таҳияи шиноснома, ҳифзу нигоҳдорӣ ва истифодаи дурусти он дар муносибатҳои ҷамъиятӣ ҷалб намуд. Мавсуф таъкид дошт, ки ҳар шахси ба синни 16 сола расида уҳдадор аст шиносномаи шаҳрвандӣ дошта бошад.

Илова бар ин, маърӯзачиён вобатста ба хатарҳои ҷаҳони муосир, истифодаи нодурусти шабакаҳои интернетӣ ва дигар паҳлуҳои ҳаёти наврасон зимни чорабинӣ ба наврасон суҳбати озод намуданд.
Дар идома ба 13 нафар хонанда дар вазъияти тантанавӣ  шиноснома супорида шуд, ки дар соли таҳсили 2024-2025 хатмкунанда ва довталаби донишҷӯӣ мебошанд.
Ҳамингуна чорабиниҳои танатанвии шиносномасупорӣ бо ташаббуси нозирони бахши ХШБ ШВКД дар шаҳри Гулистон дар МТМУ №2 шаҳраки Чойруқдаррон ва МТМУ №3 шаҳраки Консойи ин шаҳри саноатӣ гузаронида шуд.

Дар маросими ботантанаи шиносномасупорӣ дар МТМУ №2 шаҳраки Чойруқдаррон оиди шиноснома ва раванди ҳуҷҷатгузории он ба хонандагон маълумот дода 17 нафар хонанда дар ҳузури ҳамсолони худ соҳибшиноснома гаштанд. Тавре масъулин таъкид медоранд корбарӣ дар мактабҳо ва ташкили чорабиниҳои тантанавии шиносномасупорӣ омили ҳавасмандсозанда баҳри таъмини талаботи қонунгузорӣ мебошад. Мактаби №2 шаҳраки Чойруқдаррон дар минтақаи дурдаст аз маркази маъмурии шаҳри Гулистон ҷойгир буда, хизматрасоние ба мисли қабули гуруҳии хонандагон ва баъди таҳияву омодасозӣ супоридани шиноснома ба соҳибаш дар мактаб пеш аз ҳама ба халал нарасидан ба раванди таҳсил ва осон кардани мушкилоти роҳдурӣ мусоидат менамояд.
Ҳайати шахсии ХШБ ШВКД дар ш. Гулистон фазои хотирмони шиносномасупорӣ бо хонандагонро дар МТМУ №3 шаҳраки Консой низ баргузор карданд. Ҷараёни чорабинӣ муҳимияти шиноснома дар ҳаёти шахсро тасдиқ менамуд. Маросими ботантанаи шиносномасупорӣ ва табрикоти намояндагони МКД ва раиси шаҳраки Консой хонандагонро рӯҳбаланд намуд.

20 нафар хонанда шиносномаи худро дар вазъияти тантанавӣ соҳиб шуданд.
Баргузории ингуна чорабиниҳоро дар тамоми мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳраку деҳоти шаҳри Гулистон, ки 15 адад мебошанд масъулини Хадамот ба нақша ва амалӣ карда истодаанд. Аз ҷумла, шаҳракҳои Адрасмон ва Зарнисор минтақаҳои аз маркази маъмурии шаҳри Гулистон дур ҷойгир буда низ дар вазъияти тантанавӣ хонандагонашон шиноснома мегиранд.
Коргузории мазкур тадбиқи мантиқии нақшаҳои фаъолият дар соли маърифати ҳуқуқӣ мебошад.
Акбар Шарифӣ, подполковники милитсия