Бо мақсади шинос гардидан аз шароитҳои кории кормандон дар фасли зимистон, шиносоӣ бо раванди қабули шаҳрвандон ҷиҳати таҳияи шиноснома, бақайдгирӣ ва дигар хизматрасониҳои соҳавӣ, назоратбарии риояи интизоми хизматӣ санаи 24-уми декабри соли 2024 сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилӣ полковники милитсия Мирзозода Ҷомӣ Ҷамахон ба минтақаи Кӯлоб сафари хизматӣ анҷом дод.
Сардори хадамот дар ин рӯз аз хадамотҳои шиносомавию бақайдгирии ШВКД дар шаҳру ноҳияҳои Норак, Данғара, Восеъ, Кӯлоб, Шамсиддини Шоҳин, Муъминобод, Фархор ва Ҳамадонӣ, инчунин ШМД дар ҷамоатҳои деҳоти Себистон ва Зиракӣ дидан намуд.
Ба кормандони масъули хадамотҳои шиносномавию бақайдгирӣ дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҷиҳати беҳтару хубтар ба роҳ мондани фаъолияти корӣ, хушмуомилагӣ бо шаҳрвандон, хизмати софдилонаю содиқона ба халқу Ватан расонида шуда, таваҷҷӯҳи онҳо ба риояи ҳатмии талаботи санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳавӣ, интизоми хизматӣ ва тартиби корӣ ҷалб карда шуд.