21 Декабрь, 2024

Ҳамкорӣ бо аҳолӣ боиси пешрафти кор

 

– Барои беҳтар гардидани фаъолияти корманди милитсия моро зарур аст, ки муомила ва муоширатро бо корафтодагон дуруст ба роҳ монем. Зеро наздик будан ва дар ҳамкории зич қарор доштан бо аҳолӣ дар пешрафти самти фаъолият басо муҳим мебошад. Ҳамин аст, ки ҳамаи пешрафт ва фаъолияти пурсамари мақомоти корҳои дохилӣ, хусусан бахши шиносномадиҳию бақайдгирӣ ба эътимоду боварии шаҳрвандон сахт вобастагӣ дорад, – мегўяд нозири калони ХШБ ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур майори милитсия Нилуфар Асламшозода.

Мавсуф афзуд, ки мақсаду мароми мо таъмин намудани аҳолӣ бо шиносномаи миллӣ буда, ин иқдом кормандонро водор месозад, ки баҳри хизматрасонӣ ба сокинон чораҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.

Ҳамин аст, ки дар муддати 11 моҳ аз тарафи нозирони ин бахш ба 5663 нафар шиноснома дода шудааст, ки аз ин шумора 2113 нафарашон онҳое мебошанд, ки бори аввал шиносномаи миллӣ гирифтаанд. Ин нишондиҳанда дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 110 нафар зиёд мебошад. Дар ин давра ба 2524 нафар барои ивази шиносномаи қаблӣ, 809 адад ба шаҳрвандоне, ки шиносномаҳои қаблии худро гум кардаанд ва 197 адад ба шаҳрвандоне, ки дар асоси расму оинҳои миллӣ ному насаби худро иваз намудаанд, шиносномаи миллӣ дода шудааст. Инчунин, ба 192 нафар шаҳрвандон шиносномаи имтиёзнок дода шудааст.

Зимни суҳбат майори милитсия Нилуфар Асламшозода илова кард, ки ҷиҳати ба танзим даровардани раванди шиносномадиҳӣ, сари вақт бақайд­гириву ҳуҷҷатгузорӣ намудани шаҳр­вандон дар маҳалли зист, риояи қонуну қарорҳои амалкунанда аз ҷониби сокинон вобаста ба самти фаъолият, кормандони шуъба дар якҷоягӣ бо нозирони минтақавӣ ва кормандони дигар бахшҳои ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳ­мансур дар ҳудуди минтақаи хизматӣ 55 маротиба чорабиниҳои санҷишию амалӣ гузарониданд.

Дар охири суҳбат номбурда бо хушнудӣ иброз дошт, ки имрўз бо дастгирии роҳбарияти ВКД ва ХШБ баҳри пешбурди самти фаъолият тамоми шароити кору хизмат муҳайё карда шудааст. Ин дастгириҳо моро водор месозад, ки барои боз ҳам хубтар ба роҳ мондани самти фаъолият, инчунин содиқ будан ба савганд тамоми кўшишамонро равона созем.

Тоҷиддин Латипов